«Бонки Эсхата» (ҶСК «Бонки Эсхата») — бонки саҳомию тиҷоратии ғайридавлатӣ.

«Бонки Эсхата»
Шакл Ҷамъияти саҳҳомии кушода
Иҷозатнома № 16 аз 29.11.1994
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис соли 1994
Номҳои пешина бонки тиҷоратии "Эсхата"
Макон  Тоҷикистон: вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Афроди калидӣ Носиров Хуршед Диловарович (раиси раёсат)
Сармояи аввалия 125 304 690 сомонӣ (ба 1.01.2016) [1]
Дороиҳо 1 909 505 879 сомонӣ (ба 31.09.2017) [1]
Фоидаи холис 25 392 674 сомонӣ (ба 31.09.2017) [1]
Шумораи кормандон 3032 (2015, СБҲМ)
Вебгоҳ eskhata.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Бонк 6 ноябри 1993 ҳамчун бонки тиҷоратии «Эсхата» аз тарафи соҳибкор Д. М. Носиров дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Соли 1994 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт. Соли 1999 ба бонки саҳомии тиҷоратии «Эсхата» табдил ёфт. Аз 12 сентябри 2002 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» мебошад.

Ҳадафҳо

вироиш

Ҳадафи асосии «Бонки Эсхата»: маблағгузорӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби мизоҷон ва маблағҳои озоди аҳолӣ, пасандозҳо, бо фоизҳои камтарин додани кредитҳои имтиёзнок ба одамони эҳтиёҷманд ва ғ. «Бонки Эсхата» соли 2008 ба тарзи идораи автоматӣ («ЦФТ-Бонк» — барномаи амалиётии рушд) гузашта, барои ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои мавҷуда, таъмини босамари рушди хидматрасонӣ ва ғ. шароит фароҳам овард. «Бонки Эсхата» ба мизоҷон аз рӯйи реҷаи 24 соат ва 7 рӯз хидмат мерасонад. Дорои 17 шуъба (филиал), 21 маркази хидматрасонии бонкӣ, 206 нуқтаи интиқоли маблағ ва 42 автомати банкомат аст. Соли 2005 дар ш- ҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Қурғонтеппа, Панҷакент, соли 2008 дар навоҳии Ашт, Масчо, Ҷаббор Расулов, Ёвон ва Турсунзода, соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат, соли 2012 дар ноҳияи Ҳисор шуъбаҳои он ташкил карда шуданд. Теъдоди мизоҷони «Бонки Эсхата» зиёда аз 20 ҳазор нафар аст (2013). Соли 2012 маблағҳои интиқолии пардохтшуда 3,1 млн сомониро ташкил дода, шумораи кормандон ба 1351 нафар расид. Соли 2012 ба мизоҷон тақр. 460 млн сомонӣ қарз дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 20 дарсад зиёд аст.

Яке аз саҳмгузорони Бонки Эсхата Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд буда, онҳо дар ҳамкорӣ лоиҳаи наверо оид ба пешниҳоди кредит ба соҳибкорони хурду миёна баҳри беҳтар кардани сатҳи хидматрасонию ҷалби бештари мизоҷон, кортҳои пластикӣ, ҷорӣ намудани шабакаи миллии интиқоли пули «Сония», хидматрасонии «Бонк — Мизоҷ»-ро татбиқ намуданд. Бонки Эсхата бо соҳибкорони хурду миёнае, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ иштиғол доранд, қарзҳои имтиёзнок дода, ба амалиёти маблағгузории тиҷорат, пешгирии оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Бонки Эсхата бо мақсади зиёд ва васеъ кардани иқтидори худ, беҳтар кардани хидматрасонии амалиёти бонкӣ, инчунин рушди мунтазами тамға ва бо натиҷаҳои сазовор ворид гаштан ба бозори сармоягузории байналмилалӣ муносибату ҳамкориҳои хешро бо ниҳодҳои молиявӣ пурзӯртар менамояд. Аз ҷумла ҳамкории Бонки Эсхата бо ниҳодҳои молиявӣ оид ба ҷалб кардани маблағ ва таҷрибаи қарздиҳии байналмилалӣ дар фазои соҳибкории хурд ва миёна тибқи низоми дурнамо бо IFC, EBRD оид ба қарзҳои хурд: Deutsche Bank Blueorchard, TrippleJump, Simbiotics ва ғ. натиҷаҳои назаррас додааст. Бонки Эсхата бо тамоми ташкилотҳои молиявӣ-қарзии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ: Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, VTB Bank Deutschland, AG Frankfurt/Main SWIFT: OWHB DE FF; Commerzbank AG Frankfurt/Main (Олмон), Citi Bank N.A.New York, USA SWIFT: CITIUS33 SWIFT:COBADEFF (ИМА), Rietumu Banka Riga, Latvia SWIFT:RTMBLV2X (Латвия), «Внешторгбанк», «Сберегательный Банк Российской Федерации», «Русславбанк», «Транскапиталбанк», «Платежный Центр»-и Новосибирск, «Евротраст банк»; «Уралсиб»; «Инвестиционный Торговый Банк» (Русия); «Белвнешэкономбанк», Vienna, Austria SWIFT: BELBBY2X (Белорус); «Казкоммерцбанк», «Банк Туран Алем» (Қазоқистон); «Демир Кыргыз Интернешнл Банк», «Халы Банк Кыргызстан» (Қирғизистон) ва ғ. муносибатҳои муросилотӣ дорад. Бонки Эсхата ширкаткунандаи Иттиҳоди байналмилалии алоқаи байнибонкии молиявӣ (шабакаи СВИФТ, Швейтсария 2002), Ҳамоиши (САММИТ) байналмилалӣ оид ба ҷамъияти иттилоотӣ (Тунис, 2005), Форуми байналмилалии созандагони низомҳои иттилоотии бонкӣ (Русия, 2005), Ҳамоиши бонкӣ оид ба навоварӣ ва рушд (Туркия, 2011) мебошад. Соли 2009 аз тарафи низоми «Золотая корона — Денежные переводы» сазовори ҷоизаи «Ҳамкории тилоии соли 2009» гардид. Соли 2007 барои фаъолона пешкаш намудани низоми «Алоқа» дар шуъбаҳои бонк аз тарафи ширкати рейтингии Ҳиндустон — «Макрил» ва яке аз беҳтарин ширкатҳои рейтингии Аврупо — Фаронса «Планет Рейтинг» баҳои баланд гирифт. Соли 2011 бо дипломҳои «Барои сатҳи баланди хидмат ба мизоҷон» (Юнистрим — интиқоли пулии шаҳри Душанбе), "Барои мунтазам болоравии интиқоли пул дар низоми «Ҳамкорӣ» (Бонки тиҷоратӣ-саҳомии «Русславбанк»), "Барои натиҷаҳои барҷаста дар номгӯи «Ҳамкории беҳтарин дар Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 Баланси солона(тоҷ.). www.eskhata.com. ҶСК «Бонки Эсхата». 1 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2018.

Адабиёт

вироиш


Пайвандҳо

вироиш