Бонки офшорӣ (аз англ. offshore — аз соҳил дур, берун аз ҳудуд воқеъгашта) — бонке, ки берун аз қаламрави бақайдгирифтааш фаъолият менамояд ва аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор аст.

Оффшор минтақаҳои махсусест дар қаламрави давлатҳои гуногун, ки дар он барои пешбурди амалиёти бонкӣ, молиявию асъорӣ, инчунин ташкили тиҷорат бо ширкаткунандагони хориҷӣ имтиёзҳо ва шароитҳои махсус дода мешаванд (мас., орӣ будан аз назорати асъорӣ, озод будан аз андоз ё иктифо кардан бо андозбандии камтарин). Бонки офшорӣ аз мақомоти дахлдори мамлакати ҷойгиршудааш (ба қайд гирифташудааш) иҷозатномаи махсус (литсензия) мегирад ва ҳар сол муҳлати онро бо пардохти маблағи муайян тамдид мекунад. Бонки офшорӣ ҳамеша таҳти назорати мақомоти молиявии давлати онро қабулкарда қарор дорад.

Адабиёт

вироиш