Бонки тавсеъаи осиёӣ

Бонки тавсеъаи осиёӣ, Бонки осиёии рушд (англ. Asian Development Bank) — бонки байнидавлатии минтақавии кредитҳои дарозмуҳлат барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором.

Бонки тавсеъаи осиёӣ
Соли таъсис 19 декабр 1966[1]
Макон
Фоидаи холис
Шумораи кормандон
Вебгоҳ adb.org(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Соли 1966 ташкил шуда, то имрӯз 64 давлат аъзои он мебошанд. Саҳомони асосии Бонки тавсеъаи осиёӣ: Ҷопон, ИМА, Хитой, Ҳиндустон, Австралия, Индонезия ва Канада. Бонки тавсеъаи осиёӣ барои ҳавасмандии болоравии иқтисод дар Осиёву Шарқи Дур, ирсоли вомҳо (қарзҳо)-и мустақим ба ин минтақаҳо ва расондани корбурдҳои техникӣ мусоидат мекунад. Қароргоҳи Бонки тавсеъаи осиёӣ дар шаҳри Манила (Филиппин) буда, Президенти он аз соли 2005 Харухико Куродаи ҷопонӣ мебошад. Барои дарёфти маблағҳои кредитӣ аз Бонки тавсеъаи осиёӣ ҳам ҳукуматҳои давлатҳои аъзо ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ метавонанд муроҷиат намоянд. Маблағи миёнаи як кредит — 15 млн доллари амрикоӣ аст, маблағи нисбатан калон — то 50 млн доллар. Соҳаҳои афзалиятноки маблағгузории Бонки тавсеъаи осиёӣ: нақлиёт, алоқа, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва молия. Ҳаҷми солонаи қарзҳои пешниҳодшаванда 6 млрд доллари амрикоӣ ва ҳаҷми ёриҳои техникиаш 180 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Пешниҳоди қарзҳо тариқи фондҳои одӣ ва махсус сурат мегирад. Аввалӣ барои бо шартҳои тиҷоратӣ, яъне, мувофиқи меъёри фоизи бозорӣ ва ба муҳлати нисбатан камтар (15-25 сол), дуввумӣ барои қарзҳои дарозмуҳлат барои (25-40) бо фоизи имтиёзӣ (1-3 %) пардохт мегардад. Давраи имтиёзӣ барои қарзҳои одӣ 3-5 сол ва аз хазинаи махсус 10 сол аст. Соли 2006 Бонки тавсеъаи осиёӣ барои ҷорӣ намудани «воҳиди пулии осиёӣ» (ВПО) қарор қабул кард, ки он дар 13 кишвари аъзои он истифода гашта, шояд бо гузашти замон ба Евро-и осиёӣ табдил шавад. Маблағҳои Бонки тавсеъаи осиёӣ аз ҳисоби ҳаққи узвияти давлатҳои аъзо (7 дарсади маблағи оинномавии Б.; тақр. 55 млрд доллар), нася гирифтан аз бозори байналмилалии саҳмияҳо ва даромад аз қарздиҳӣ ташаккул меёбад. Лоиҳаҳои асоситарин (назаррас)-и Бонки тавсеъаи осиёӣ: кашидани лӯлаи нафти фароафғонӣ, лоиҳаи ёрии фаврӣ зимни заминларза ва тӯфонҳо дар Индонезия, барномаи минтақавии истифодаи д. Меконг.

Дар солҳои гузашта Бонки тавсеъаи осиёӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми тақр. 1 млрд доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод намудааст. Айни ҳол бо маблағи умумии 530 млн доллари амрикоӣ як силсила лоиҳа дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Тибқи барномаи шарикии Бонки тавсеъаи осиёӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2012—2014 баҳри беҳсозии шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва идоракунии минтақавӣ 200 млн доллари амрикоӣ (асосан дар шакли грант) ҷудо мегардад. Бо маблағзузории грантии Бонки тавсеъаи осиёӣ роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода то сарҳадди Ӯзбекистон мавриди навсозӣ қарор дошта, барои бозсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент то сарҳадди Ӯзбекистон низ қарор қабул шудааст. Маҷмӯи лоиҳаҳои фаъол ба маблағи умумии 529 млн доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Дар Осиёи Марказӣ Бахши ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ фаъолият дошта, ҶХХ (Вилояти мухтори Синзяну Уйғур), Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Муғулистон ва Афғонистон аъзои он мебошанд.


Адабиёт

вироиш
  • Бонки осиёии рушд / Ш. Раҳимзода, И. Раҳматуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.