Бонки универсалӣ — бонке, ки дар доираи амалиёташ маҳдудиятҳои камтарин дорад.

Ин бонкҳо имкон доранд, ки амалиёти муқаррарии бонки (додани қарз, амонатҳо, хидмати ҳисобдории хазинавӣ)-ро бо амалиёт тавассути коғазҳои қиматнок (даллолӣ, фаъолияти сармоягузории бонкӣ) ҳамроҳ созанд, ширкатҳои ғайримолиявиро бевосита маблағгузорӣ намоянд, амалиёти суғуртавӣ доир намоянд ва ғ. Бонки универсалӣ нисбат ба бонкҳои махсусгардонида устувортар мебошад, зеро он фаъолияти тиҷоратӣ ва сармоягузориро муттаҳид месозад. Барои муштариён сару кор доштан бо як бонк нисбатан мувофиқ аст. Дар бисёр давлатҳои мутараққӣ (ИМА, Русия ва ғ.) аксари бонкҳо универсалӣ мебошанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш