Бонки тиҷоратӣ
(Тағйири масир аз Бонкҳои тиҷоратӣ)
Бонки тиҷоратӣ (англ. Commercial bank) — бонке, ки ба муштариёнаш дар бобати пешбурди суратҳисобҳои ҷорӣ, додани кредитҳову қарзҳои тиҷоратӣ ва ғайра хидматҳои мухталиф мерасонад. Муштариёни асосии бонкҳои тиҷоратӣ шахсони алоҳида ва корхонаҳое мебошанд, ки фаъолияти ҷории истеҳсолӣ, савдо ва умури дигари тиҷоратиро анҷом медиҳанд.
Бонки тиҷоратӣ маблағи гузаронидани амалиётро асосан аз ҳисоби пасандози амонатҳо, инчунин аз ҳисоби кредитҳои байнибонкӣ ва баровардани саҳмияву вомбаргҳои худӣ ба даст меорад. Аввалин бонки тиҷоратӣ соли 1407 дар Генуя (бонки Георгийи Муқаддас) ташкил шуда буд. Дар ҷаҳон қадимтарин бонки тиҷоратӣ, ки то имрӯз фаъолият дорад, бонки итолиёии Монте дей Паски ди Сиена (таъсисаш 1472) аст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Бонки тиҷоратӣ / Ш. Дӯстбоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.