Бонувони Тоҷикистон
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]]
«Бонувони Тоҷикистон» — маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон. Муассисаш Президенти Тоҷикистон.
Аз сентябри 2006 ҳар моҳ бо забони тоҷикӣ (баъзе мавод бо забони русӣ) дар ҳаҷми 32 саҳ. нашр мешавад. Дар маркази вилоятҳо мухбирони худро дорад. Мақсад аз ташкили «Бонувони Тоҷикистон» инъикоси муваффақият ва бозтобу таҳлили мушкилоти бонувони Тоҷикистон мебошад ва тибқи вазоифи оинномавӣ дар ҳамин самт фаъолият дорад. Дар «Б. Т» зери рубрикаҳои «Симои зани муосир», «Зан ва сиёсат», «Дин ақл аст», «Мактаби модарони ҷавон», «Бонувон дар парлумон», «Зан ва мансаб», «Мушкилот», «Танзими маросимҳо», «Окно в мир», «Ҳунар», «Чеҳракушоӣ», «Таҷрибаи сиёсӣ», «Варзиш», «Бонувони соҳибистиқлол» ва ғ. мавод ба табъ мерасад, ки қариб тамоми ҷанбаҳои фаъолияти бонувони тоҷикро дар бар мегирад. Сармуҳаррираш Шаҳлои Насриддин. Адади нашр 14300 нусха (2013).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бонувони Тоҷикистон / И. Сулаймонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.