Президенти Тоҷикистон

сарвари Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад[1].

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иқомати расмӣ Қасри Миллат
дар натиҷаи интихоботи мустақим
Муҳлати салоҳият 5 сол дар солҳои 1994—1999, 7 сол, оғоз аз 1999; на бештар аз ду муҳлат пайдарпай
Пайдошавии вазифа 6 ноябри 1994
Аввалин дар вазифа Қаҳҳор Маҳкамов
Сайт president.tj

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад[2].

Интихоботи Президенти Тоҷикистон

вироиш

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд. Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Моддаи 64

вироиш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 65

вироиш

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Моддаи 66

вироиш

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд. Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 67

вироиш

Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад: "Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям". Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

Моддаи 68

вироиш

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

Моддаи 69

вироиш

Салоҳияти Президент: 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад; 2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад; 4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъйин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъйин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд; 6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад; 7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъйин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд; 9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъйин ва озод мекунад; 10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад; 11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад; 12. Шӯрои адлияро таъсис медиҳад; 13. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия таъйин ва озод мекунад; 14. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъйин мекунад; 15. Ба қонунҳо имзо мегузорад; 16. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад; 18. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 19. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъйин ва озод мекунад; 20. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд; 21. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъйин ва озод мекунад; 22. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад; 23. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад; 24. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад; 25. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад; 26. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад; 27. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад; 28. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад; 29. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад; 30. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

Моддаи 70

вироиш

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Моддаи 71

вироиш

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад. Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад. Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад. Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Моддаи 72

вироиш

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.[3]

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 14 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонид. Қонун дар таҳрири нав қабул карда шуда, 8 ноябри соли 2016 онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуд.Нигаред муфассал:(бештар...)[4]

Президентҳои Тоҷикистон

вироиш
Ному насаб Шурӯъ Истеъфо
Қаҳҳор Маҳкамов 30 ноябри 1990 31 августи 1991
Қадриддин Аслонов 31 августи 1991 Иҷрокунандаи вазифа 23 сентябри 1991
Раҳмон Набиев 23 сентябр и 1991 Иҷрокунандаи вазифа 6 октябр и 1991
Акбаршо Искандаров 6 октябри 1991 Иҷрокунандаи вазифа 2 декабри 1991
Раҳмон Набиев 2 декабри 1991 7 сентябри 1992
Акбаршо Искандаров 7 сентябри 1992 Иҷрокунандаи вазифа 19 ноябри 1992
Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри 1992 Иҷрокунандаи вазифа 6 ноябри 1994
Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри 1994 Амалкунанда Бори охир ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Интихоботи президентии Тоҷикистон (2020), 11 октябри соли 2020 интихоб шудааст.

Феҳристи президентҳо

вироиш

Ҳизбҳо ██ ҲКИШ ██ ҲХДТ


Акс Президент Оғози ваколат Анҷоми ваколат Мансубияти ҳизбӣ Давомнокии президентӣ (бо рӯз)
1   Қаҳҳор Маҳкамов 30 ноябри соли 1990 31 августи соли 1991 ҲКИШ 274
2   Раҳмон Набиев 2 декабри соли 1991 7 сентябри соли 1992 ҲКИШ 280
3   Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1994 Амалкунанда
(муҳлат 6 ноябри 2027 ба анҷом мерасад)
ҲХДТ 5814


Пайвандҳо

вироиш