Бону Камолова
Бону Камолова (Камолова Бону Олимовна; зод. 15 майи 1985, шаҳри Душанбе) — рассоми моделсоз. Узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (аз с. 2011).
Камолова Бону Олимовна | |
Таърихи таваллуд | 15 май 1985 |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша | рассом |
Падар | Олим Камолов |
Зиндагинома
вироишДар шуъбаи рассоми моделсози Колеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (2001—2005), дар факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳсил намудааст (2008—2013). Муаллими графикаи коммутарии Маркази рассомии минётураи «Мино» — Клуби ЮНЕСКО (2009—2012). Аз с. 2010 — маъмури ташкилоти ҷамъиятии Маркази рассомии минётураи «Мино» — Клуби ЮНЕСКО (ҳоло — устохонаи хусусии «Дом Мино Миниатюр» — Клуб ЮНЕСКО), ҳамзамон аз соли 2005 мусаввари ғайриштатии нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи мусаввараҳои «Таркиши бузург» (2011), «Пегас» (2012), муҳрабофии «Гунҷишкак», «Флора ва Фауна», «Каҳкашон», «Фарзанди Посейдон», «Шоҳпаракҳо», мусаввараҳои сиёҳқалами кит. «Ҷаноби Донгуо ва гург» (2005), «Гули қоқу»-и Бобо Ҳоҷӣ («Адиб», Д., 2011), «Дарси ҳаёт» -и Тоҷинисо Рауфова (Д., 2014), «Гамбусаки сахӣ»-и Латофат Кенҷаева (Д., 2014), «Садбарг»-и Гулнисо Ризвоншоева (Д., 2014), «Ҳадяи Қаратоғ» (маҷмӯаи пиесаҳо, «Адиб», Д., 2006), мусаввараҳои маҷ. «Чигӯяк» (2005-06), мусаввара барои созмони ЮНИСЕФ дар китобхонаи Оғохон (2007) ва ғ. Иштир. бисёр озмунҳо, аз ҷумла озмунҳои «Устоди ҳунар», «Мактаби тобистона» (Иссиқкӯл, Бишкек, 2012), «Мусаввараи беҳин» аз маҷмӯаи расмҳои «Ҳаёти мӯрчагон», Хомаи Япония (2004). Иштирокдори Фестивали 1-уми байналмилалии ҷавонони соҳибистеъдод (Исфаҳон, Эрон, 2011), Фестивали умумиҷаҳонии кӯдакон дар майдони парки Нэшнл Мол (Вашингтон, ИМА, 2011). Баъзе асарҳояш дар коллексияҳои шахсии мухлисони Франсия, Ҳиндустон, Япония ва Англия маҳфузанд. Бо ҷоизаи ҳавасмандкунанда барои тасвири беҳини логотипи интернет-сервиси провайдери «Cybernet»-и Ширкати телекоммуникатсияи «BABILON-T» сарфароз гардонида шудааст (2005).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6