Борис Евсеевич Биховский (Борис Евсеевич Быховский; 14 (27) августи 1908 Петербург — 26 январи 1974, ҳамон ҷо) — паразитолог, акад. АИ ИҶШС (1964; узви вобаста, 1960).

Борис Евсеевич Биховский
Борис Евсеевич Быховский
Таърихи таваллуд 14 (27) август 1908[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 январ 1974(1974-01-26)[1] (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Паразитология
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Valentin Dogiel[d]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Унти давлатии Ленинград (1930). Корманди Институтихоҷагии моҳипарварии Ленинград (1929-35), Институтизоологияи АИ ИҶШС (1935-40), ҷонишини раиси Президиуми филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (1940-44), директори Институти зоологияи АИ ИҶШС (1942-74). Саҳми Биховский дар омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои умумии паразитология назаррас аст. Ӯ доир ба таҳқиқи паҳнкирмҳо ва кирмҳои маканда асару мақолаи зиёд таълиф намудааст. Оид ба паҳншавии ҷуғрофиёӣ ва омилҳои экологии ташаккули фаунаи паразитии бисёр ҳавзаҳои оби ИҶШС низ корҳои зиёдеро анҷом дода буд. Ӯ кирмҳои моногенетикиро ба тасниф даровард, таносуби филогенезии ин гурӯҳ ва паҳнкирмҳои дигарро муайян намуда, онҳоро ба синфи мустақил ҷудо кард. Корҳои доир ба экологияи кирмҳои маканда анҷом­додаи Биховский асоси як қатор тадбирҳои пешгирии мубориза бо касалиҳои моҳӣ гардиданд. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осори асосӣ

вироиш

Сарчашма

вироиш