Паразитология (юн. παράσιτολογία; аз юн.-қад. παράσιτος «паразит» + λόγος «дониш, илм») — илми биологии комплексиест, ки зуҳуроти паразитизми олами ҳайвонотро ҳаматарафа меомӯзад.

Илми паразитология

вироиш

Паразитология илмест, ки ба­рои (ҳифви сиҳатии одам ва ҳайво­нот хидмат мекунад, зидди паразит­ҳо ва қасалиҳои сироятӣ даво меёбад. Аз ин ҷиҳат паразитология бо илмҳои зо­ология, ботаника, тиб, ветеринария, химия ва ғайра сахт вобаста аст. Паразитология бо масъалаҳои экологӣ низ машғул аст, зеро он муносибати байни паразиту ҳомилро муайнн менамояд ва то чӣ андоза бо таъсири муҳити беруна вобаста будани онҳоро тадқиқ меку­над.

Бо вуҷуди ин аз илми экология тафовут дорад. Зеро организми ҳомил барои паразит муҳити беруна аст ва он муҳит ба паразит тавассути организми ҳомил таъсир мерасонад. Паразитологияи замони ҳозира методҳои тадқиқоти биохимиявӣ, иммунологӣ ва электронию микроскопиро васеъ истифода мебарад. Истифодаи методи иммунологӣ хусусиятҳои муносибати ботинии паразиту, ҳомилро зоҳир мегардонад.

Тадқиқи микрос­копию электронии паразитҳои соддатарин (якҳуҷайрагӣ) нишон медиҳад, ки онҳо бар хилофи ақидаи пе­шина сохти мураккаб доранд. Маълум гардид, ки паразитҳои дохили ҳуҷайра бо роҳи аз ин пеш ба илм номаълум — ба воситаи «ултраситостомҳо» (онҳоро бо микроскопи опти­кӣ дида тавонистан амри муҳол аст) ва пинотситоз (моеъро якҷоя бо моддаҳои дар вай ҳалшуда ҷабида гирифтани рӯи ҳуҷайра) ғизо мегиранд.

Самтҳои илмӣ

вироиш

Паразитология ба якчанд соҳа тақсим мешавад:

  • Паразитологияи умумӣ (қонуниятҳои муштараки паразитизмро меомӯзад),
  • Паразитологияи тиббӣ (паразитҳои одамро меомӯзад),
  • Паразитологияи ветеринарӣ (дар бораи паразитҳои ҳайвоноти хонагию хоҷагии қишлоқ баҳс мекунад)
  • Паразитологияи агрономӣ ё фитолатологӣ (паразитҳои рустаниро меомӯзад).

Тадқиқи паразитҳо

вироиш

Тадқиқи паразитҳо, ки бештари онҳо ба таҳаввулоти гурӯҳҳои муайяни ҳомил зич алоқаманданд, барои муайян кардани филогения ва роҳҳои ташаккули фаунаи ҳомил маълумоти муҳим медиҳад. Дар паразитологияии замони ҳозира проблемаи махсусият, яъне ба як ҳомили муайян ё як гурӯҳи ҳомилои (муҳити зист) мутобиқ шудани паразитҳо аҳамияти калон пайдо мекунад, чунончи, паразити якхҳҷаира (Leishmania tropica) танҳо дар ҳуҷайраҳои сафеди хун (лейкотситҳо), эндотелияи рагчаҳои пӯсти одам зиндагӣ карда, касалии лейшманиози пӯст (пашшахурда, ҷароҳати пендинӣ, ҷароҳати бағдодӣ)-ро ба вуҷуд меорад. Паразитҳое мавҷуданд, ки фақат дар организми ҳомил зиндагӣ карда метавонанд, масалан, паразитҳои хуни одам Plasmodium vivax, Pl.falciparum, Pl. Tropica, ки онҳоро паразитҳои хоси маҳдуд меноманд.

Паразитҳое ҳастанд, ки ҳомили бисёр доранд — дар ҷинсҳо, оилаҳо ва ҳатто қаторҳои ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Ин гу­на паразитҳо (аз қабили кайк, хармагас, канаи иксодӣ ва ғайра) ҳамроҳи соҳиби худ, яъне ҳомиле. ки барояшон муҳити зист аст, дар рӯи за­мин паҳн шуда метавонанд. Муҳити зисти паразит ду хел мешавад: му­ҳити дараҷаи аввал — организми ҳомил, муҳити дараҷаи дуюм — муҳите, ки нисбат ба ҳомили паразит таъсири беруна ҳисоб меёбад. Мувофиқи ақидаӣ Е. Н. Павловский ва В. А. Догел, таъсири беруна ба па­разит тавассути муҳити дараҷаи ав­вал, яъне ба воситаи организми ҳо­мил мегузарад. Мушоҳидаҳои В. А. Догел нишон доданд, ки паразитҳои организм аз таъсири беруна тағйир меёбанд, Вазъи физиологии организми ҳомил низ дар тағйири таркиби онон аҳамияти калон дорад. Асосгузорони равияӣ Паразитологияи экологӣ Е. Н. Павловский ва В. А. Догел, мебошанд.

Дар ҳар як организм паразитҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Чунончи, паразитҳои якҳуҷайра дар хун,. руӯда, паразитҳои паҳнкирм дар ҷигар, рӯда, паразитҳои гирдкирм дар майнаи сар, гурда, чашм, таҳти пӯст ва ғайра дучор мешаванд. Маҷмӯи паразитҳои организми ҳомилро паразитосеноз меноманд. Таркиби паразитотсеноз вобаста ба дигаргуншавии шароити беруна ва ҳолати физиологии организми ҳомил тағйир меёбад. Таркиби паразитотсенози ҳайвони алафхур аз дарранда фарқ мекунад.

Аҳамият ва корбурд

вироиш

Паразитологияи барои экология, палеогеогра­фия, ҳалли проблемаҳои гуногун, таълимоти эволютсионӣ материали фаровон медиҳад. Тадқиқоти алоқаҳои мураккаби байни паразит ва муҳит аҳамияти назарӣ дорад ва ба­рои дарёфтани чораҳои зидди пара­зит зарур аст. Бинобар ин Паразитология бо эпи­демиология ва эпизоотология алоқаи зич дорад.

Яке аз сабабҳои паҳнштавии пара­зитҳо ва ба организм роҳ ёфтани касалиҳои паразитию сироятӣ ҳашароту канаҳои хунмак мебошанд, ки ҳангоми макидани хун касалиро аз якорганизм ба организми дигар мегузаронанд. Касалиҳоеро, ки барангезандаи онҳо ба воситаи ҳашароту канаҳо гузаронида мешаванд, касалиҳои трансмиссивӣ меноманд. Дар Тоҷикистон аз чунин касалиҳо — безгак (вараҷа), риккетсиозҳо, листериозҳо, тейшманиозҳо, тейлориозҳо хеле кам рӯй медиҳанд. Барангезандаи баъзеи ин касалиҳо ҳайвонот ва паррандаҳои ёбоиро ба касалӣ тирифтор мекунад. Вале барангезандаи баъзеи дигарашон ба организми ҳайвони ваҳшӣ зарар намерасонад.

Таълимоти акад. Е. Н. Павловский ва шогирдонаш оид ба манбаи табии дошгани касалиҳои трансмиссивии одам ва ҳайвоноти хоҷагӣ дар Паразитология, инчунин тиб ва ветеринария барои мубориза бар зидди касалиҳои трансмисиявӣ аҳамияти калон дорад. Дар табиат манбаи касалиҳо бисёранд. Баран­гезандаи ин касалиҳо (вирусҳо, бактерияҳо, риккетсияҳо) дар байни бандпойҳои хунмак (кана, ҳашарот) ва муҳрадорон (хояндаҳо, ҳашаротхӯрҳо, паррандаҳо ва ғайра) гардиш мекунанд. Агар одам ва ҳайвони хонагӣ ба ҳамин муҳит афтад, сироят меёбад. Роҳҳои мубориза ба муқоби­ли ин касалиҳо: методҳои терапия, санитарию гигиенӣ, профилактӣ.

Пеш ақидае вуҷуд дошт, ки гӯё паразитҳо дар организми одам худ аз худ пайдо мешаванд. Истифодаи методи экоперимеогалӣ дар ишқишофи Паразитология давраи наве кушод. Ихтирои микроскоп, пайдоиши усулҳои махсуси техникаи микроскопӣ ба кашфи олами микроорганизмҳо имконият дод.

Дар нимаи дуюми садаи XIX мавҷудияти як қатор паразитҳои соддатарин ва барои одам (безгак, лейшманиоз ва ғайра) ва ҳайвоноти хонагӣ (пироплазмоз, тейлориоз, коктсидиозҳо ва ғайра) хавфнок ошкор гардид. Дар Рос­сия Г. Гросс аввалин шуда амёбаи паразити одам ва Д. Ф. Лямол паразити соддатарин (якҳуҷайра)— лямблияро кашф карданд. Тадқиқоти паразитологӣ баъди Револютсияи Октябр ба таври амалӣ ҷараён гирифт, миқдори муассисаҳое, ки бо ҳалли про­блемаҳои Паразитология машғуланд, зиёд шуданд, шумораи коркунони илмӣ — паразитологҳо чанд маротиба афзуд, доир ба систематика ва фаунистикаи гурӯҳҳои гуногуни ҳайвоноти паразит асарҳои калон ба вуҷуд омаданд.

Тадқиқоти па­разитологӣ дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон ба тадқиқоти па­разитологӣ олими барҷастаи рус Е. Н. Павловский бунёд гузошта аст. Маълум аст, ки оид ба муборизаи зидди паразитҳои одам (ришта, киҷҷа, пашшаҳои хунмак ва ғайра) бо­ри аввал Абӯалӣ Сино тавсияҳо пешниҳод кардааст. Илми Паразитология бошад, дар ҶШС Тоҷикистон танҳо баъд аз омадани экспедитсияи паразитологии Е. Н. Павловский (1928) ба вуҷуд омад ва равнақ ёфт. Е. Н. Павловский бо шогирдонаш барномаи васеи тадқиқоти паразитҳои одам ва ҳайвоноти хонагиро пешниҳод кард ва барои амалӣ гардонидани он соли1932 дар Душанбе Ст. параэвтологӣ ташкил намуд, Худи ҳамон сол дар Душанбе Институти тадқиқоти илмии безгак (вараҷа) таъсис ёфт. Соли 1934 Ст. паразитологӣ бо ташаббуси Е. Н. Павловский ба сектори зоология ва паразитологияи Базаи тоҷикистонни АФ СССР ва соли 1941 ба Институти зоология ва паразито­логия табдил ёфт. Соли 1951 ин институт ба ҳайати муассисаҳои илмии шуъбаи биологии АФ ҶШС Тоҷикистон дохил гардид.

Соли 1954 ба ин институт номи Е. Н. Пав­ловский дода шуд. Дар Институти зооло­гия ва паразитологияи АФ ҶШС Тоҷикистон, шуъбаи махсуси Паразитология мавҷуд аст, ки ходимони илмии он дар соҳаҳои гуногуни Паразитология тадқиқот мегузаронанд. Дар (омӯхтали паразитҳои одам ва ҳайвонот ходимони илмии кафедраҳои зоологияи УДТ ба номи В. И. Ленин, Институти давлатии педагогии Душанбе, Институти давлатии педагогии Ленинобод, Институти тадқиқоти илмии ветеринарии Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон низ кори илмӣ мебаранд. Дар РОС Тоҷикистон шуъбаи республикавии Ҷамъияти умуиииттифоққи протозоологҳо низ мавҷуд аст.

Олимони мо асосан паразитҳои моҳии обанборҳо, паҳнкирмҳои паррандаҳо, паразитҳои гов (гелминтология), тейлориозҳо ва коктсидиозҳо, плазмодияҳои паррандаҳо, эктопаразитҳои ҳайвоноти ширхор ва паррандаҳои республикаро тадқиқ мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Скрябин К. И., Шулц Р. С., Основы общей гельминтологии, М., 1940;
  • Павловский Е. Н., Руководство по паразитологии человека с учением о переносчиках транмисоивных болезней.

Сарчашма

вироиш