Борис Владимирсов
Владимирсов Борис Яковлевич (русӣ: Бори́с Я́ковлевич Влади́мирцов (8 (20) июл 1884, Калуга — 17 августи 1931, Сиверский) — шарқшинос, муғулшинос, академики АИ ИҶШС (1929), муҳаққиқи соҳаи адабиёту забоншиносӣ, этнография ва таърихи халқҳои муғул.
| |
Таърихи таваллуд: | 8 (20) июл 1884 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 август 1931[1] (47 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Шогирдони маъруф: | Николай Поппе[d] |
ЗиндагиномаВироиш
Хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи (бахши забонҳои хитойӣ ва манҷурӣ) Университети Санкт-Петербург (1909). Дар музофоти Муғулистони Ғарбӣ ба гирдоварии мавод оид ба забон, гӯишҳо, достонҳо ва осори хаттии таърихию динии ойратҳо машғул шудааст. Аз соли 1915 дар Университети Санкт-Петербург (аз соли 1924 Ленинград) дарс дода, аз соли 1921 профессор ҳамин донишгоҳ буд ва ҳамзамон х. и. (1915-31) Музейи Осиёи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд. Борис Владимирсов яке аз асосгузорони омӯзишу пажӯҳиши забонҳо ва тамаддуни муғулҳо буда, дар илм истилоҳи «феодализми кӯчиён»-ро ворид кардааст. Борис Владимирсов дар бораи паҳншавии тамаддуни буддоӣ, шахсияти Чингизхон ва ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна таҳқиқот анҷом додааст.
ОсорВироиш
- Буддизм в Тибете и Монголии. Петербург, 1919;
- Общественный строй монголов. Монгольский кочевой феодализм. Л., 1934;
- Чингисхан. СПб. 2000; Работы по истории и этнографии монгольских народов. М., 2002.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Владимирцов Борис Яковлевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
СарчашмаВироиш
- Владимирсов Борис Яковлевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.