Борис Громов
Борис Всеволодович Громов (зод. 7 ноябр 1943[1], Саратов) — аз низомиёни олирутбаи шӯравӣ, ходими давлатии Русия, генерал-полковник (1989), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1989), губернатори вилояти Маскав (2000—2012).
Борис Громов | |
---|---|
Зодрӯз | 7 ноябр 1943[1] (81 сол) |
Таърихи даргузашт | |
Солҳои хидмат | нерӯи заминӣ |
Қисм | Сипаҳсолор |
Равобит | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Омӯзишгоҳи ҳарбии Ленинград (1965), Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1972) ва Академияи ҳарбии Ситоди генералӣ (1984). Солҳои 1980-82 фармондеҳи дивизия ва аз июни 1987 фармондеҳи армияи 40-уми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон буд. Дар аввали соли 1989 хурӯҷи муваффақонаи артиши шӯравиро аз Афғонистон ташкил намуд. Аз соли 1989 фармондеҳи Округи ҳарбии Киев. Ноябри 1990 — сентябри 1991 — муовини аввали вазири умури дохилаи ИҶШС. Дар давраи буҳрони августии соли 1991 алайҳи нақшаи ҳуҷум ба Қасри Сафеди Маскав амал кард. Аз ноябри 1991 муовини аввали фармондеҳи Қувваҳои таъйиноти умумии Қувваҳои мусаллаҳи ИДМ, аз июни 1992 муовини вазири дифои Федератсияи Русия. 3.10.1993 муқобили ворид намудани қувваҳои ҳарбӣ ба Маскав ва бо тӯпҳо тирборон кардани Қасри Сафед ва дар охири соли 1994 зидди ворид намудани қувваҳои ҳарбӣ ба Чеченистон баромад ва баъд аз ин амалан аз кор барканор карда шуд. Чанде баъд ҷунбиши «Сарзамини ман»-ро сарварӣ кард. Солҳои 1995-98 депутати Думаи давлатӣ буд. Соли 1999 губернатори вилояти Маскав интихоб гардид. Солҳои 2003—2007 ва 2007—2012 аз нав ба ин вазифа интихоб шуд. Аз 21 июни 2013 депутати Думаи давлатии Федератсияи Русия (даъвати 6). Аз соли 1999 то ҳоло раиси созмони ҷаҳонии «Бародарии размии бидуни марз», ки собиқадорони 35 ҷанг ё ихтилофоти ҷангиро муттаҳид мекунад. Пиромуни масоили артиш ва таърихи артиши Русия таълифот низ дорад.
Ҷоизаҳо
вироишБо ду ордени Байрақи Сурх, орденҳои Ситораи Сурх, «Барои хидматҳо дар назди Ватан» (дараҷаҳои 2, 3, 4) ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Munzinger Personen (нем.)
Адабиёт
вироиш- Громов Борис Всеволодович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.