Open main menu

Сипаҳсолор (форсӣ: سپه‌سالار‎) — дараҷае солорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз артишсолор ва болотар аз лашкарсолор мебошад; генерал-полковник[1].

Сипаҳсолор
Tajikistan-Army-OF-8.png
Сардӯшии сипаҳсолор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سپه‌سالار
Дараҷа «Сеситора»
Ҳамто дар НАТО[en] OF-8
Дараҷаи болотар Артишсолор
Дараҷаи поинтар Лашкарсолор
Дараҷаҳои баробар
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Лашкарсолор

Emblem of Tajikistan.svg
Сипаҳсолор
Дараҷаи болотар:
Артишсолор

Сипаҳсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии сипоҳро дорад, ки ягоне амалиётӣ-тактикӣ аст, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва ё ороише аз ягонҳо барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус[2].

ВожашиносӣВироиш

«Сипаҳсолор» яке аз куҳантарин истилоҳоти низомист ва аз ду вожа сохта шудааст: сипоҳ (порсии миёна: spāh > паҳлавӣ: spāδ > порсии бостон: spāda- > эронии бостон: «*spāda-»)[3] + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sar(a)-dāra-). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сипоҳ) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.

Аз «spāda-» дар порсии бостон «*spāda-pati-» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ «spāδpat» / «spāδbad», дар порсии миёна «spāhpat» / «spāhbed», дар суғдӣ «spāδpaδ», дар балхӣ «σπαλοβιδο, ασπαλοβιδο» ва дар форсии дарӣ «сипаҳбад» (форсӣ: سپهبد‎) гаштааст[4]. Ҳамчунин аз «сипоҳ» дар форсии дарӣ истилоҳи «сипаҳсолор» (форсӣ: سپه‌سالار‎) сохта шуда, ки бо сипаҳбад мутародиф аст[5].

ПешинаВироиш

Сипаҳсолор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар подшоҳии Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «сипаҳбад» (порсии бостон: *spāda-pati-) номида мешуда ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ буд, ки «сипоҳ» (порсии бостон: *spāda-) номида мешуданд[6].

Ашкониён (250 то милод224) созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буданд[7], аз ин рӯ нерӯҳои мусаллаҳашонро куллан «сипоҳ» (паҳлавӣ: spāδ) меномиданд ва фармондеҳи кулли сипоҳ унвони «сипоҳбад» (паҳлавӣ: spāδpat) дошт[8].

Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузориро ба кор мебурданд[9] ва фармондеҳи сипоҳ низ «сипоҳбед» (порсии миёна: spāhbed) номида мешуд[10].

«Сипаҳбад» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои баландпоя дар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст, ки бо «генерал-полковник» дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва «lieutenant-general» дар нерӯҳои заминии кишварҳои узви НАТО баробар аст.

Фармондеҳи сипоҳ дар замони Сомониён «сипаҳсолор» (форсӣ: سپه‌سالار‎) унвон дошт[11]. Сипаҳсолор, ки ба суратҳои «сипоҳсолор» (форсӣ: سپاه‌سالار‎) дар «Торихи Байҳақӣ», «сипаҳсолор, исфаҳсалор, исфаҳсолор» дар «Қобуснома» омадааст[12], аз мақомоти муҳими лашкарӣ дар давраи Ғазнавиён ҳам будааст[13].

Аз ин рӯ, истилоҳоти «сипоҳ» ва «сипаҳсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «корпус» (аз лот. corpus «андом») ва дараҷаи низомии «генерал-полковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[14].

ПайвандҳоВироиш

МанобеъВироиш

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Коллектив авторов. Том 4, статья «Корпус» // Военная энциклопедия / Под ред. Сергеев И. Д.. — М.: Воениздат, 1999. — С. 204-209. — 583 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  3. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 75
  4. Саймиддинов, Додихудо. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001. – 310 с. – с. 226
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 243.
  6. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – с. 55 – 95
  7. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  8. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  9. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  10. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  11. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — с. 252. — 904 саҳ. — ISBN 964-00-1086-3.
  12. Bosworth, C. E.; Digby, S. (1978). "Ispahsālār, Sipahsālār". In van Donzel, E.; Lewis, B.; Pellat, Ch.; Bosworth, C. E. The Encyclopaedia of Islam, New Edition, Volume IV: Iran–Kha. Leiden: E. J. Brill. pp. 208–210. ISBN 90-04-05745-5.
  13. Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: Сухан, 1373. — с. 132
  14. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной