Борис Анатолевич Литвинский (17 апрели 1923 — 20 август и 2010) — муаррих, мухақиқи Тоҷикистон ва Осиёи Маркази, доктори илми таърих (1970), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).[2][3]

Борис Литвинский
Таърихи таваллуд 17 апрел 1923(1923-04-17)
Зодгоҳ Тошкент
Таърихи даргузашт 20 август 2010(2010-08-20) (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (АИ Россия, 1973-2010)
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва
Роҳбари илмӣ Александр Александрович Семёнов
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москваро хатм кардааст (1946), ихтисос — «таърих, бостоншиносӣ»,

Муовини директори ИТИ санъатшиносии Тошкент (1949—1951), мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1971), ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ (1971—1973), даврони қадим ва асрҳои миёнаи Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (АИ Россия, 1973—2010), ҳамзамон сардори Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1973—1991). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ, таърихи фарҳанг.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ордени «Шараф»,
  • Ситораи Сурх,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).
  • Ба дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Р.Гиршмани Академияи катибаҳо ва каломи бадеъ (Франсия) ноил гаштааст.
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Сад арбоби маъруфи давлатию сиёсии тоҷик. «Рӯзгор» http://ruzgor.tj/sad-fardi-ma-ruf/10724-10-sad-fardi-maruf-2014.html Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016  сол.
  3. Борис Анатолевич Литвинский

Адабиёт

вироиш
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.