Босмачиҳо
Босмачигӣ (аз туркӣ босмоқ — зер карда гирифтан, пахш кардан) — унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳонаи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо дар солҳои 1918—1935.
Макон | Весь Западный Туркестан, прилегающие к России/СССР территории Восточного Туркестана, Афғонистона и Персии | ||
---|---|---|---|
Сабаб | установление советской власти в Среднеазиатском регионе | ||
Натиҷа | Ликвидация басмаческого движения | ||
Тарафҳо | |||
|
|||
Фармондеҳ | |||
Қувваҳои тараф | |||
|
|||
Талафот | |||
|
|||
|
Босмачиён худро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Русия монанд дониста, бо забони маҳаллиёни ҶМШС Туркистон онҳоро бо калимаи «босмоқчӣ» ба маънои ғоратгар, тороҷгар, яъне, чун тороҷгарон, ғоратгарон, зеркунандагон, пахшкунандагон номгузорӣ карда буданд, ки баъдан дар таърихнигорӣ истилоҳи собит шуд. Бино ба таркиби гуногуни ин ҳаракат ва аҳдофи мухталифи ширкаткунандагони он вобаста ба хостгоҳи иҷтмоиашон ва бо мақсади умумии нест кардани душман дар як ҷабҳа муттаҳид шуда, ҷангидан ба муқобили Шӯроҳо бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун дар байни олимону муаррихон роҷеъ ба сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои фарҳангию сиёсӣ, муваффақиятҳои нахустин ва шикасти ниҳоии Б. ва арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиию мазҳабии сарони гурӯҳҳои мухолиф (Шӯравию босмачигӣ) метавон ҳақиқати ин ҳаракатро дар маҷмӯъ дарёфт. Яъне ба Б. на аз рӯи иштирокашон дар ҳаракати зиддишӯравӣ, балки аз рӯи мақсадҳои зоҳирию ботинии сарваронашон баҳо додан зарур аст. Босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зиддишӯравӣ дар Тоҷикистон се марҳаларо тай намудааст: ноябри соли 1917 — июни соли 1918; июли соли 1918 — октябри соли 1923; ноябри соли 1923 — соли 1935.
Таърих
вироишБаъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қувваҳои аксулинқилобӣ барои ҷудо кардани ҷумҳуриҳои мазкур аз Русияи Шӯравӣ ва барқарор намудани ҳокимияти миллию таъмини озодии мазҳабӣ ба ҷамъ кардани муҷоҳидон ба дастаҳои Б. пардохтанд. Б.- ро амалан Эргашу Мадаминбек дар водии Фарғона ва Иброҳимбеку Анвар дар Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд оварда буданд ва дар авҷи ҳаракати Б. (солҳои 1919-22) онҳо роҳбарии тамоми умурро дар даст доштанд. Вале роҳбарони бевосита ва ҳақиқии Б. ташкилотҳои аксулинқилобию мазҳабии созмондодашуда ба номҳои «Шӯрои исломӣ», «Шӯрои уламо», «Алаш» ва «Урҷа» буданд. Ба онҳо мудохилагарони Англияву Амрико, гурӯҳҳое аз Туркия, Хитой, Афғонистон ва диг. давлатҳо роҳбарӣ ва барояшон кумакҳои молию низомӣ мекарданд. Мас., дар ташкил ва мусаллаҳгардонии дастаҳои босмачиён баҳори соли 1918 намояндагони низомии давлатҳои хориҷа — роҳбари миссияи ҳарбию дипломатии Англия Ф. Бейли, консули амрикоӣ дар Тошканд Р. Тредуэлл, консули фаронсавӣ Костанйе дар омӯзиши дастаҳои Б. афсарони Англияву Туркия ва гордиёни сафеди Рус ширкат карда буданд.
Соли 1918 водии Фарғона майдони асосии ҳаракати Б. гардид. Аввалин дастаҳои Б. охири соли 1917 бо сардории Эргаш дар Қӯқанд фаъолият намуданд. Баҳори соли 1918 босмачиён фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба ноҳияи Ӯш (Ош) ҳуҷум карданд. Солҳои 1918-21 дастаҳои босмачиёни Мадаминбек, Кӯри Шермат ва Раҳмонқул-қӯрбошӣ ба водии Фарғона ҳуҷум карда, Ӯшу Ҷалолободро ба даст дароварданд. Мегӯянд, ки ин фаъолияти босмачиён бо ташкили «Ҳукумати муваққатии Фарғона» анҷомид. Апрели 1921 дар Фарғона баъди ғалабаи ҳокимияти маҳаллии шӯроҳо бо кумаки артиши русҳо 7 ҳазор, дар Бухоро низ ҳамин миқдор ва дар Хева ҳудуди ҳазор нафар босмачӣ боқӣ монда буд. Октябри1921 вазири ҳарбии Туркия Анвар-пошо ба Бухоро омада, мардуми муътақид ба дини исломро ба «Иттиҳоди ҷамъиятҳои инқилобии мардуми мусулмони Осиёи Миёна» даъват кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки дастаҳои парокандаи босмачиёнро бо ҳам муттаҳид ва артиши 16 ҳазорнафариро ташкил диҳад.
Баҳори 1922 ҳамин гурӯҳи муташаккил Бухорои Шарқиро забт кард. Ин мавҷи ҳаракат то шаҳри Хева густариш пайдо кард. Баъзе аз намояндагони ҳокимияти Шӯроҳо бо Б. ҳамкорӣ ва мусоидат карданд. Вале мудофеон тавассути гурӯҳҳои дифоъкунандаи деҳқонон, милитсияи ихтиёрӣ ва бо ёрии Артиши Сурх Ҷумҳурии Бухороро аз босмачиён озод карданд. Солҳои 1921-23 дастаҳои босмачиёни Ҳамроқул-қӯрбошӣ дар водии Зарафшон, Лаҳад-Махсум дар волости Қистакӯз, Холбута волости Ӯротеппа, дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек, Эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмондодхоҳ дар Бухорои Шарқӣ ба муқобили Ҳокимияти Шӯроҳо пайваста мубориза мебурданд. Моҳҳои июн-июли 1922 ба босмачиён дар аксари ҷабҳаҳо зарбаи қатъӣ зада шуд. Баробари шурӯъ шудани ҳаракати Б. устод С. Айнӣ ду мақола таҳти унвони «Босмачиёни Фарғона кистанд?» ва «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд бурд?» дар саҳифаҳои рӯзномаи тозаташкили «Шуълаи инқилоб» (21 август ва 1 сентябри 1921) чоп карда, моҳияту ҳадафҳои разилонаи ин ҳаракатро дар оғози пайдоишаш муайян ва бо Б. чӣ гуна мубориза бурданро қайд намуд.
Воқеан ҳам барои мубориза бо Б. мардуми ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ихтиёрӣ ташкил карда, ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тозаи милитсия ва бригадаҳои савораи давлатӣ муборизаро ба муқобили босмачиён шиддат доданд. Душанбе аз босмачиён озод шуд. Анвар-пошо, ки ҳаракати Б.-ро дар Бухорои Шарқӣ низ роҳбарӣ мекард, дар яке аз даргириҳо дар Балҷувон кушта шуд. Миқдоре аз босмачиён баъди шикаст хӯрдан ба Афғонистону Хитой ва Эрон паноҳ бурданд. Мубориза ба муқобили Иброҳимбек, ки дастурҳои амири собиқ ва мулозимонашро ба амал мебаровард, аввалҳои соли 1925 шурӯъ шуд. Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ба босмачиён ва сардорони онҳо барои бас кардани муборизаи мусаллаҳона муроҷиатнома қабул кард ва дар навбати худ муборизаро ба муқобили онҳо вусъат бахшид. Аз ҷумла, ҳамаи қувваву воситаҳои мавҷудаи корпуси 13 тирандоз вобаста карда шуд. Дар соҳили чапи дарёи Вахш бригадаи савораи 6 бо марказаш дар Кӯлоб мустақар гардид. Дар Лақай ва ноҳияи Қаротегин дивизияи 3-юми тирандоз бо марказаш дар Ҳисор ва бригадаи савораи 8-ум бо марказаш дар Ҷилликули вилояти Қурғонтеппа амал мекард. Дар Кӯлоб бо сардории А. Ёрмуҳаммадову Ш. Шотемур гурӯҳҳои ихтиёрии нав ташкил гардиданд. Дар марҳалаи дуввуми мубориза бо босмачиён, ки хусусияти ҳамоҳангкунии қувваҳоро дошт, Ч. Имомов, Б. Б. Толпиго, Лепин ва дигар иштирок намуданд. Баъди баромадани муроҷиатнома бисёр босмачиёну қӯрбошиён ихтиёран таслим мешуданд. 23 июни 1931 Иброҳимбек ҳангоми гузаштан аз дарёи Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷабулбулон дастгир шуд.
Солҳои 1929-30 босмачиён аз хориҷ ба ҳудуди Осиёи Миёна зада даромаданд, вале пеши роҳи онҳо гирифта шуд. Босмачиён тарғибгарони аҳолиро ба тарафи худ мекашиданд ва дар сурати муқобилат аз онҳо интиқом мегирифтанд. Дар мубориза ба муқобили босмачиён ва торумор намудани онҳо сарлашкарони Артиши Сурх С. С Каменев, С. М. Будённий, Н. Ф. Федко ва дигарон, ҳамчунин А. Раҳимбоев, Ҷ. Зокиров, Ҳ. Усмонов, Муқим Султон, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Бобохон Ҳамдамов ва дигарон фаъол буданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Нурани. Кровавый след дашнаков в Туркестане & Шухрат Барлас. Дашнаки в Туркестане
- ↑ Войска Гоминьдана участвовали в боевых действиях против басмачей только на территории провинции Синьцзян.
- ↑ Персидские войска участвовали в боевых действиях против Джунаид-хана и его басмачей только на территории Персии.
- ↑ Афганцы участвовали в боевых действиях против басмачей только на севере Афғонистона (см. Афганский поход Красной Армии (1929), Афганский поход Красной Армии (1930)).
- ↑ В союзе с Мадамин-беком и его басмачами. В январе 1920 года вела боевые действия и против басмачей и против Красной армии.
- ↑ Осуществляла интервенцию и поставляла оружие контрреволюционным силам (Английская интервенция в Средней Азии).
- ↑ Сторонники Хабибуллы участвовали в боевых действиях в союзе с басмачами только на севере Афғонистона (см. Афганский поход Красной Армии (1929)).
- ↑ В 1922 году вёл оборонительные действия против Ибрагим-бека и его басмачей.
- ↑ В 1922 году вёл наступательные действия против Энвера-паши и его басмачей.
- ↑ В марте 1920 года со своими басмачами переходит на сторону Красной армии.
- ↑ Борьба с басмачами в Средней Азии
Адабиёт
вироиш- Гражданская война. Т. 3. (материалы по истории ферганского басмачества и боевых операций в Бухаре). М., 1924;
- Бахрушин С. В. История народов Узбекистана. Ташкент. 1947;
- Айни С. Бухара. Вспоминания. Сталинабад. 1954;
- В боях за советскую власть в Ферганском долине. Ташкент. 1957;
- Иркаев М. История гражданской войны в Таджикистане. Д., 1963;
- Бартолд В. В. Коканд: Соч. Т. 3. М., 1965; История Бухарской и Хорезмской советских республик. М. 1971;
- Поляков Ю. А., Чугунов А. И. Конец басмачества. М., 1976;
- Иноятов Х. Ш. Победа советской власти в Туркестане. М., 1978;
- Шумов С. А., Андреев А. Р. Басмачество. М., 2005.
Пайвандҳо
вироиш- Босмачигӣ / М. Ҳазратқулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.