Бохтариҳо
Бохтариҳо — сокинони сарзамини Бохтар, яке аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Бохтари Қадим, ки минтақаи шимоли Афғонистон, қисматҳои марказу ҷанубии Тоҷикистон ва ҷануби Узбекистони кунуниро фаро мегирифт, зиндагӣ мекарданд[1].
Хостгоҳ
вироишМаркази асосиашон шаҳри Балх буда, онҳо нахустин давлати аҳди қадими маҳаллӣ — давлати Каёниён ва тамаддуни қадимии Бохтару Марғушро бунёд гузоштаанд. Маълумоти нахустин дар мавриди бохтариҳо дар китоби «Вандидод»-и Авесто зикр шуда, кишвари онҳо Бохтар «бо дирафшҳои афрошта» ёд шудааст. Ҳамчунин дар «Зомиед яшт» фарри Каёниро ситудаанд, ки ин далелест ба ойини давлатдории бохтариҳо дар аҳди қадим[1].
Ктесий бохтариҳоро халқи сершумор, ҷасур ва ҷанговар гуфтааст. Аммиан Мартселлин ба Ктесий ҳамфикр шуда, онҳоро мардуми ҷанговару тавоно номидааст. Страбон ва Куртсий ҳаёти вазнини бохтариҳоро қайд карда, тарзи зиндагии онҳоро ба бодиянишинони ҳамсоя шабоҳат медиҳанд. Ба ақидаи Страбон онҳо табиатан нармдил буданд. Куртсий бохтариҳоро мардуми сангдил ва ҷангҷӯ ба қалам дода, зикр мекунад, ки метавонанд дарҳол 30 ҳазор ҷанговари савораро барои ҳифзи худ гирд оваранд. Ӯ сабаби пархошҷӯии бохтариҳоро дар ҳамсоягӣ бо сакоиҳои ғоратгар донистааст. Бохтариҳо чун халқҳои таҳҷоии шаҳру деҳот ба киштукор, парвариши зироату боғдорӣ, инчунин чорводорӣ машғул буданд. Қисми қабилаҳои бохтариҳо тарзи зиндагии бодиянишинӣ доштанд. Клавдий Птолемей чанд қабилаи бохтариҳоро ном бурда, зариаспиҳоро қабилаи асосӣ шуморидааст. Шаҳри асосии Бохтар низ Зариасп (Балх) ном дошт.
Дар «Таърих»-и Ҳеродот бохтариҳо ба унвони тобеъи шоҳони эронӣ амал мекунанд, ки боҷ мепардозанд ва гурӯҳҳои низомӣ барои онҳо фароҳам мекунанд[2].
Симо
вироишМуҳаққиқон симои зоҳирии бохтариҳоро аз рӯйи сарчашмаҳои хаттӣ ва маъхазҳо муайян кардаанд. Куртсий дар бораи муҳорибаи Гавгамел маълумот дода, скифҳо ва бохтариҳоро бо андоми даҳшатнок, риши ғӯлӣ, мӯйи дароз, қадди баланд ва ҷуссаи тавоно тасвир кардааст. Ҳамин гуна акси бохтариҳо дар нақшҳои рӯйисангии Истахр инъикос ёфтааст. Онҳо риши гулӣ, чакмани кӯтоҳ, миёнбанд, шалвори дароз, мукии соқкӯтоҳ доштанд, баъзан ба китфашон чакмани дарозу вазнини беостин мепартофтанд, ба гушҳояшон гушвораҳо меовехтанд. Кулоҳи бохтариҳо дар осори Хизонаи Омударё хеле хуб тасвир шудааст: он як навъи каллапӯши намадиест, ки гушакҳо ва қисми қафояш дароз буда, то буни гардан мерасид. Аз ҷиҳати этникӣ бохтариҳо ба тоифаи мардумони эронинажод мансуб буданд. Страбон ин ақидаро тасдиқ намуда, мегуяд, ки форсҳо, модҳо, бохтариҳо ва суғдиён аз ҷиҳати забон миёни якдигар фарқи зиёд надоранд.
Забон
вироишОлимони аввали асри 20 забони бохтариҳоро забони Авесто мепиндоштанд. Баъди таҳқиқи ёдгорҳои хатгии аҳди Кушониён дар Сурхкӯтал ва Работак олимон забони онҳоро забони бохтарӣ меномиданд, ки саромади забони дарӣ будааст. Осори ин забон баъди ба бохтариҳо омадани тахориён такмил ёфта, бо номи забони тахорӣ маъмул гардид[1].
Ба назар мерасад забони бохтарӣ ҷойгоҳе миёнӣ байни забонҳои эронии ғарбӣ ва шарқӣ дорад ва тақрибан ба ҳамон андоза, ки хоразмию суғдӣ дорои вежагиҳои муштарак бо забони ашконӣ аст[3].
Забони бохтариро сиккаҳо, муҳрҳо ва катибаҳои давраи кушонӣ аз қарни I то IX таъйид мекунанд[4].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Бохтариҳо / И. В. Пянков // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ Попов, А. А. Бактрия в греческой литературе классической эпохи // Вестник Санкт-Петербургского государственного института культуры 1 (46) (2021).
- ↑ EASTERN IRANIAN LANGUAGES — Encyclopaedia Iranica(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ BACTRIAN LANGUAGE — Encyclopaedia Iranica(пайванди дастнорас — таърих).
Адабиёт
вироиш- Бохтариҳо / И. В. Пянков // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).
- Пьянков И. В. Бактрия в античной традиции: (Общие данные о стране: Название и территория). — Душанбе, 1982.