Боғистон (деҳа, н. Ҳисор)

Боғистон (собиқ Тула) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Боғистон то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 13 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1704 нафар (2017), асосан тоҷикон.

Деҳа
Боғистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Сомон
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Тула
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1704 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, заводи хиштрезӣ, бунгоҳи тиббӣ, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор ба воситаи дастгоҳи обкашӣ обёрӣ мешаванд.

Сарчашма

вироиш