Боғи ботаникии Помир
Боғи ботаникии Помир ба номи А. В. Гурский — муассисаи илмиву таҷрибавӣ. Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар 5 км-ии шаҳри Хоруғ, дар доманаи қ-кӯҳи Шуғнон (дар баландии 2210–3800 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир шудааст.
Таърих
вироишСоли 1940 бо ташаббуси профессор А. В. Гурский бунёд ёфта, дертар (1968) номи ӯро гирифт. Масоҳати боғ – 624 га; аз он 80 га – замини обӣ.
Ба сифати директорони Боғ дар солҳои гуногун ҳамчунин М.П. Запрягаев, М. Шакармамадов, номзади илмҳои кишоварзӣ С.Х. Хайлоев, номзади илмҳои биологӣ Н.Миралибеков, доктори илмҳои биологӣ Д. Наврӯзшоев, номзади илмҳои биологӣ С.М. Мӯсоев, номзади илмҳои бологӣ Г. Хуҷамова кор кардаанд. Дар марҳилаи ҳозира сарварии боғро н.и.б. К.Одилбеков ба зимма дорад. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Институти биологии Помир то соли 1981 роҳбарии илмии Боғи ботаникиро академик Х.Ю.Юсуфбеков ба зимма дошт.
Вазифаи асосии Боғи ботаникии Помир таҳқиқи набототи кӯҳсор, ба шароити маҳал мутобиқ гардонидани рустаниҳо, парвариши набототи гуногуни маҳаллӣ ва рустаниҳое, ки аз диг. кишварҳо оварда шудаанд, истифодаи рустаниҳо барои сабзкорӣ, ҷангалдорӣ, кишоварзӣ ва тиб мебошад. Дар боғ зиёда аз 4000 намуд дарахту бутта (тӯс, сафедор, заранг, булут, бед, ақоқиё, арча, шумтол, ёс ва ғайра), 200 намуди рустаниҳои ороишӣ (кавкаб, ёқут, қашқарӣ, оташгул, аббосӣ, садбарг ва ғайра) гирд оварда шудаанд. Ба Боғи ботаникии Помир аз минтақаҳои гуногуни дунё соле зиёда аз 500 намунаи тухмӣ меоранд. Натиҷаи пажӯҳиши кормандони Боғи ботаникии Помир дар ҷараёни сарсабзу кабудизор гардондани шаҳру навоҳии ВМКБ татбиқ мегардад. Бо ин мақсад ходимони Боғи ботаникии Помир ҳар сол барои вилоят зиёда аз 2000 ниҳоли дарахту буттаи ороишӣ ва 30000 кӯчати гулҳои гуногун тайёр мекунанд. Ҳудуди Боғи ботаникии Помир аз қисматҳои зерин иборат аст:
- набототи асосӣ;
- боғи мева;
- боғи дарахту буттаҳои ороишӣ;
- шуъбаи баландкӯҳ;
- мамнӯъгоҳ.
Озмоишҳои илмӣ дар боғ
вироишОлимони Институти биологии Помир, дар Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский озмоиши ҳазорҳо намуд, навъ ва шаклҳои растаниҳои сохтмонӣ, гулдори ороишӣ ва алафии табиати маҳаллӣ ва бегонадошта гузаронида шуд. Методологияи интродуксияи растаниҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ дар шароити Помири Ғарбӣ коркард шуд. Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Шӯъбаҳои флоравии Аврупо, Қрим ва Кавказ, Америкаи Шимолӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Марказӣ таъсис дода шуданд. Дар солҳои охир коллексияи растаниҳои сӯзанбарг то 80 намуд, растаниҳои баргӣ - то 180 намуд пурра карда шуд. Коллексияи боғ дар 40 соли охир се маротиба афзун гардид.
Дар Боғи ботаникӣ қитъаи намоишии намудҳои нодир ва маҳвшавандаи растаниҳо таъсис дода шудааст, ки дар он 80 намуди растаниҳо парвариш карда мешаванд. Дар коллексияи растаниҳои табобатӣ 70 намуди растаниҳои яксола ва бисёрсола ҷамъоварӣ шуда, дар парваришгоҳҳои боғ барои иҷрои корҳои кабудизоркунӣ ҳамасола 7 ҳазор растаниҳои гулдори ороишӣ омода карда мешаванд. Дар гармхонаҳо ва буғхонаҳои Боғи ботаникӣ ҳар сол миқдори зиёди ниҳолакҳои растаниҳои гулдор тайёр карда мешаванд.[1].
Растаниҳои сӯзанбарг дар Боғи ботаникӣ
вироишТухмиҳое, ки аз боғ ва аз ҳудуди Помир ҷамъоварӣ карда мешаванд, ба таври мунтазам номнавис карда мешаванд. Ивазкунии тухмиҳо ва растаниҳо бо 120 нишона (адресат)-ҳо аз 40 боғҳои ботаникии давлатҳои хориҷи наздик ва дур амалӣ карда мешавад. Намудҳои гуногуни растаниҳои чӯбию буттагӣ, гулдору ороишӣ ва чаманӣ барои кабудизор гардонидани ҳудуди ВМКБ тавсия шудаанд, ки бештар аз 180 намуди ояндадорро дар бар мегирад. Дар осорхонаи «Табиат»-и институти таърихи таҳқиқи захираҳои табиии Помир аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо ба таври васеъ тасвир карда шудааст. Саҳми олимон дар таҳқиқи гуногун-шаклии биологии флора ва фаунаи баландкӯҳӣ нишон дода шудааст. Дар ин ҷо гербарияи флораи маҳаллӣ, коллексияи этномофауни, хӯсаи ҳайвонот тасвир шуда, харитаҳои гуногун – схемаҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳое, ки захираҳои биологии Помирро тасвир мекунанд, овезон карда шудаанд. Эҷодиёти зиёди рассомон манзараи такрорнашавандаи ин кишвари баландкӯҳро хеле хуб инъикос наму-даанд. Дар ин ҷо ҳамчунин ашёҳои маишии кӯҳистониҳо – зарфҳо, маснуоти сафолӣ зару зевар низ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Таваҷҷӯҳи махсусро нигораҳои сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои маҳаллии Помир ба худ мекашад.[2].
Муқаррар карда шуд, ки дар ҳудуди ВМКБ захираҳои истеҳсолии хуч -90 тонна, зайтун -15 тонна, чойкаҳак- 15 тонна, ширнбия – 60 тонна, юған – 35 тоннаро ташкил медиҳанд. Онҳо метавонанд барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти хом барои эҳтиёҷоти саноати дорусозии мамлакат асос бошанд. Муайян карда шудааст, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон – 65 намуд, Ишкошим – 45 намуд ва Рӯшон – 70 намуди растаниҳои табобатӣ месабзад, ки дар тибби халқӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.[3].
Инчунин нигаред
вироиш- Боғи ботаникии Кӯлоб,
- Боғи ботаникии Хуҷанд.
- Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон.
- Ниятбек Миралибеков — директори Боғи ботаникии Помир ба номи А. В. Гурский Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю.Юсуфбеков Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Адабиёт
вироиш- Баранов П. А. (ва диг.), Земледелие и сельскохозяйственные культуры ГБАО. Д., 1964;
- Растительность и растениеводческое освоение Памира. Т. 1, Д., 1967;
- Природные условия и реконструкция растительности Памира. Д., 1970;
- Интродукция растений в Памирском ботаническом саду. Д., 1972; Юсуфбеков Х. Ю. (ва диг.),
- Методы возделывания полезных растений. Д., 1972;
- Остапович Л. Ф. Цветочно-декоративные растения в западных районах ГБАО Тадж. ССР. Д., 1972;
- Памир. Д., 1973;
- Агаханянц О. Е., Юсуфбеков Х.Ю. Растительность Западного Памира и опыт её реконструкции. Д., 1975;
- Проблемы биологии и сельского хозяйства Памира. Д., 1975;
- Интродукция растений и ботанические исследования в Горном Бадахшане. Д., 1985.
Сарчашма
вироиш- Боғи ботаникии Помир / Г. Хӯҷамова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский(тоҷ.). ibp.tj (2022). 15 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Институти биологии Помир(тоҷ.). anrt.tj (2022). 15 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2024.
- ↑ Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский(тоҷ.). ibp.tj (2022). 15 май 2024 санҷида шуд.