Юған
Юған, уған, угон, вогун, вигна, варх (лот. Prāngos) — як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо.
Юған | |||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | |||||||||||||||||||
|
|||||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | |||||||||||||||||||
Prangos Lindl., 1825 | |||||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишБаргаш дарози панҷадор (30—100 см), гулаш зард, мевааш калони паррадор. Моҳи май — июн гул мекунад, моҳи август— сентябр тухмаш пухта ба замин мерезад. Уған аз тухмаш афзоиш меёбад ва беш аз 200 сол умр мебинад. Уған гиёҳи заҳрнок буда, пӯсти баданро «месӯзонад» (обила мезанонад).
Уганзорҳо қариб дар тамоми кӯҳсори Тоҷикистон (дар баландии 700—3400 м аз сатҳи баҳр) дар нишебиҳои камхоки регу сангзор вомехӯранд.
Онҳо бештар дар минтақаи субалпии республикаамон ҷоигиранд. Уғанзорҳои табиии ҷумҳуриро баҳору тобистон ҳамчун чарогоҳ (як қисми онро ҳамчун алафдарав) истифода мебаранд. Уған хӯроки хуби чорвост.
Корбурдҳо
вироишУғани хӯрокӣ (Prangos раbularia)-ро мардуми Осиеи Миёна дар тибби халқӣ барои муолиҷаи бемориҳои пӯст (хоришак, қӯтур) истифода мекунанд. Маҳлули аз баргу пояи уған тайёр кардашуда барои муолиҷаи милки дандон ва дандондард давои хубест. Реша, баргу поя ва меваи уған моддаҳои зиёди кумаринӣ дорад.
Таснифот
вироишБино бар иттилооти пойгоҳи додаҳои The Plant List, ҷинс шомили 19 намуд мебошад[2]:
- Prangos acaulis Bornm.
- Prangos ammophila (Шаблон:Bunge) Pimenov & V.N.Tikhom.
- Prangos arenaria Pimenov
- Prangos bucharica B.Fedtsch.
- Prangos cachroides (Schrenk ex Fisch. & C.A.Mey.) Pimenov & V.N.Tikhom.
- Prangos didyma (Regel) Pimenov & V.N.Tikhom.
- Prangos ferulacea (L.) Lindl.
- Prangos herderi Herrnst. & Heyn
- Prangos latiloba Korovin
- Prangos ledebourii Herrnst. & Heyn
- Prangos lipskyi Korovin
- Prangos lophoptera Boiss.
- Prangos meliocarpoides Boiss.
- Prangos odontalgica (Pall.) Herrnst. & Heyn
- Prangos ornata Kuzmina
- Prangos pabularia Lindl. — Юғани хӯрокӣ
- Prangos sarawschanica Korovin
- Prangos trifida (Mill.) Herrnst. & Heyn
- Prangos uloptera DC.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
- ↑ Prangos(англ.). The Plant List. Version 1.1. (2013). 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 апрели 2019.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |