Боғи гиёҳшиносӣ — боғҳоеро гӯянд, ки дар онҳо тайфи густардаи аз гиёҳон бо номҳои гиёҳшиносии онҳо мушаххас шудаанд[1].

Боғҳои муаллақи Бобул

Вазифаҳо

вироиш

Боғи ботаникӣ, муассисаи илмию таҷрибавӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ, ки ба парваришу омӯзиши рустаниҳо машғул аст. Боғи ботаникӣ маркази тарғиботи илмҳои ботаникӣ мебошад. Вазифаи асосии Боғи ботаникӣ таҳқиқ ва мазрӯъ намудани рустаниҳоест, ки барои кишоварзӣ, ҷангалдорӣ, сабзакории маҳалҳо, тиб, саноат ва ғ. аҳамияти бузург доранд. Ҷамъ овардан ва ба шароити нав мутобиқ кардани рустаниҳо (аз ҷумла дарахтони мева) вазифаи боғи ботаникӣ аст. Дар боғи ботаникӣ рустаниҳо, одатан, аз рӯйи қонуниятҳои ҷуғрофиёӣ ва систематика ҷойгир мешаванд. Боғи ботаникӣ барои гузарондани корҳои таҳқиқотӣ, омӯзиши тағйирот ва арзёбии манфиати хоҷагӣ, биологӣ ва ороишии рустаниҳо, инчунин барои муқаррар кардани тавсияҳои илмӣ оид ба тадбиқи рустаниҳои нав чун заминаи асосӣ хидмат мекунад. Кормандони Боғи ботаникӣ ба таҳқиқи ҳаматарафаи масъалаҳои экологию физиологӣ, биокимиёӣ ва селексионию генетикӣ диққати махсус медиҳанд, зеро ин гуна таҳқиқот дараҷаи ба шароити номусоиди муҳит тоб овардани рустаниҳоро муайян месозанд. Туфайли фаъолияти боғҳои ботаникӣ бисёр рустаниҳои худрӯй (масалан, лиму, афлесун, норанҷ ва ғайра) мазрӯъ ва қисме аз онҳо барои сабзкории маҳалҳои аҳолинишин тавсия карда шуданд.

Боғҳои ботаникии Тоҷикистон

вироиш

Дар ҷумҳурӣ чанд Боғи ботаникӣ мавҷуд аст, ки оид ба соҳаҳои гуногуни ботаника тадқиқот мебаранд. Дар бобати омӯзиш ва ба шароити маҳал мутобиқ кардани дарахтони мева саҳми Боғи ботаникии Помир калон аст.

Нигаред низ

вироиш

Нигорхона

вироиш
  1. Боғи гиёҳшиносӣ чист? Маънои вожаи боғи гиёҳшиносӣ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 14 июни 2019 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш