Суфро Боқиева
(Тағйири масир аз Боқиева, Суфро)
Суфро Боқиева (15 декабри 1926, деҳаи Шаҳрак, ноҳияи Исфара — 3 июни 2009) — говдӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966), Устоди чорводории ҶШС Тоҷикистон (1967).
Таърихи таваллуд | 15 декабр 1926 ё 1925 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 июн 2009 |
Пеша | говҷӯш |
Ҷоизаҳо |
Корнома
вироишСолҳои 1941—1954 колхозчӣ, 1954—1958 сардори бригадаи пилапарварӣ, 1958—1984 говдӯш, 1984—1990 сардори звенои фермаи чорводории колхози ба номи Ленин ноҳияи Исфара буд. Соли 1966 аз ҳар сар модагов 3,5 ҳазор литр шир дӯшидааст.
Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6-8).
Ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, медалҳо ва грамотаҳои фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқиева Суфро // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.