Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ
Боқии Ҷарроҳи Самарқандӣ (Самарқанд — Ҳисор) — мусиқидон, оҳангсоз, ҳофиз, навозанда, шоир ва табиби тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, пизишк |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Самарқанд. Асосҳои назариявию амалии илми мусиқӣ ва дигар илмҳои замонашро аз падараш, ки табибу донишманди машҳур буду табъи шоирӣ низ дошт, омӯхтааст. Баъдтар ба Бухоро рафта, назди Кавкабии Бухороӣ шогирдӣ кардааст. Баъди бозгашт аз Бухоро дар дарбори Султон Саидхон мутриб ва табиб буд. Боқии Ҷарроҳ дар ин давра як силсила асарҳои мукаммали мусиқӣ офаридааст, ки аз онҳо «Нақши Сегоҳ» (бар усули «Шодиёна», ғазали Ризоии Самарқандӣ), «Пешрави Наво», «Пешрави Рост» (бар усули «Мухаммас», ба мақоми «Рост»), «Амали Сегоҳ» (бар усулҳои «Фохтазарб» ва «Барафшон» (ғазалҳои Ҷалолуддини Балхӣ ва Саъдии Шерозӣ) дар Бухорову Самарқанд Ҳирот ва дигар шаҳрҳо шуҳрат доштаанд. Боқии Ҷарроҳ ҳамчунин дар шаклҳои мусиқии «куллиёт», «рехта», «саҷъ», «тарона», «кор» як силсила асарҳо офарида, «Куллиёт»-еро бар матни устодаш Кавкабии Бухороӣ тартиб дода, ба ӯ бахшидааст. Боқии Ҷарроҳ дар охири умр ба Ҳисор омада, дар дарбори Темурхон мутрибӣ, сарояндагӣ ва табибӣ кардааст ва ҳамон ҷо аз олам гузаштааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқии Ҷарроҳи Самарқанд / А. Раҷабов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.