Бодинҷон

(Тағйири масир аз Боқилаҷон)

Бодинҷон, боимҷон (лот. Solánum melongéna) — зироатест бисёрсола.

Бодинҷон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Solanum melongena L.
Мутародифот
  • Solanum esculentum Dunal
  • Solanum melongena var. depressum L.
  • Solanum melongena var. esculentum (Dunal) Nees
  • Solanum melongena var. serpentinum L.[1]

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш рост, сершох, то 1 м қад мекашад. Баргу гулаш бунафш; мевааш дарозрӯя, нокмонанд, сафед, сабз, бунафш. Бодинҷонро дар саноати консерв барои тайёр кардани икра, инчунин пухта ё хушконда истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои хушк, қанд, сафеда, равған, витаминҳои С, В1,В2, В6, каротин (провитамини А), микроэлементҳо (калсий, калий, магний, фосфор, оҳан ва ғайра) мавҷуданд.

Хосияти шифоӣ

вироиш

Бодинҷон холестерини хунро кам карда, бемориҳои ҷигар, некрози рагҳоро пешгирӣ менамояд. Бинобар ин онро чун ғизои парҳезӣ барои муолиҷаи атеросклероз ва дарди санги гурдаву масона тавсия медиҳанд. Бодинҷон кори дилро тақвият мебахшад, пешобро меронад. Барои бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, дил, гурда, ҷигар, ниқрис ва камхунӣ муфид аст. Агар бодинҷонро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад; агар онро бо равған бихӯранд, дардро мулоим месозад ва агар бо сирко бихӯранд, дарунро мебандад, пешобро меронад, дардҳоеро, ки сабабашон зиёд гаштани гармӣ бошад, таскин медиҳад, бадбӯии каши рон ва зери бағалро рафъ менамояд. Чун Бодинҷонро сӯхта, хокистарашро бо сирко хамир карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад. Духтурони парҳезшинос таомҳои аз бодинҷон таҳияшударо ба ашхоси гирифтори бемориҳои ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Мис ва оҳани таркиби бодинҷон ба ҳосил шудани хун мусоидат менамояд, бинобар ин истеъмоли он барои кӯдакони камхун ва занҳои ҳомила муфид аст. Шираи меваи хом ё пухтаи он хосияти бактерисидӣ (фитонсидӣ) дорад. Истеъмоли бардавоми бодинҷон барои пешгирӣ ва муолиҷаи атеросклероз нофеъ аст. Ин гуна хусусияти пурбаҳои бодинҷон бо роҳи тадқиқоти лабораторӣ собит карда шудааст. Истифодаи бодинҷон хоса барои пиронсолон муфид мебошад (варами бинобар нуқси дил ба вуҷуд омадаро мегардонад). Бодинҷонро барои муолиҷаи ниқрис, полиартритҳо, спондилёзҳо, спондилоартритҳо, бемориҳои санги гурда ва санги талха низ кор мефармоянд. Бодинҷон бинобар мангани бисёр доштан, таъсири инсулинро афзун мегардонад; ба миқдори зиёд мавҷуд будани калий бошад ба бодинҷон хосияти пешобронӣ мебахшад.

Суратҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш