Боқӣ Раҳимзода (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)
Боқӣ Раҳимзода (то соли 2012 Қурултой) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ҷамоат ва ноҳия 1,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4200 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Абдураҳмони Ҷомӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Иттифоқ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3722 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3243 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб барои баргузории маъракаҳои мардум ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Аскари Шоҳ обёрӣ мешаванд.
Мардум
вироишМардумаш солҳои 1949 аз ноҳияи Ғарм бо мақсади обод кардани заминҳои туғайзор ба ин ҷо муҳоҷир шуда, дар ҳудуди колхози Комсомол бо сарварии раиси колхоз Қӯчқор Дусанов дар 1400 га замини корам киштукор мекардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Боқӣ Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5