Брадзот
Брадзот (норв. brad — ногаҳон ва sott — касалӣ), як навъ касалии шадиди гузарандаи ҳайвонот, ки асосан гӯсфандон (бештар гӯсфандони то 2-сола) гирифтор мешаванд. Брадзот дар натиҷаи илтиҳоби ҳазорхона, рӯдаи дувоздаҳангушта ва дар узвҳои ҳозима ғун шудани бод ба амал меояд. Барангезандаи асосии Брадзот. микроби анаэробии спораҳосилкунандаи Clostridium septicum ва Clostridium sordellii мебошанд. Брадзотро мик¬робной Cl. oedematiens, Cl. gigas низ ба вуҷуд оварданашон мумкин. Брадзот дар тирамоҳ, зимистон ва тобистон мушоҳида шуда, сабаби пайдоишаш сахт хунук хурдани чорво ва истеъмоли хурокиҳои яхбаста ва мағордамида мебошад. Касали баъзан дар натичаи аз ҳавзҳои обаш норавон об нушидани чор¬во cap мезанад. Брадзот аксар вакт якбора хуруч мекунад. Чорвои касал ба замин меафтад, аъзои баданаш шах ва милки чашмонаш сурх мешавад, дандон мехояд; баъзан шикамаш андак дам карда, баъди 10— 15 дақиқа нобуд мешавад. Агар касалӣ тул кашад, ҳарорати бадани чорво баланд ва мултахдмаи чашмаш пурхун мешавад, аз даҳонаш кафки хунолуд ва аз биниаш хун меравад, дандон мехояд; баъзан исхоли хунин шуда, шикамаш дам мекунад. Дар шароити табиӣ ба Брдазот ҳама зотҳои гӯсфандон хассосанд. Манбаи ангезандаи Брдазот хок мебошад. Брадзот ба хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ зарари калони иқтисодӣ мерасонад. Онро дар асосн маълумотҳои патологоанатомӣ ва эпизоотологӣ ташхис ва бо роҳи тадқиқотҳои бактериологӣ аниқ мекунанд. Усули муоличаи Брадзот алҳол маъдум нест.
Пешгирӣ ва чораҳои мубориза
вироишДар мавзеъҳои аз чихати статсионарӣ нобоб хар сол 30—45 рӯз пеш аз ба чарогоҳ бурдан ба организми ҳамаи гӯсфандони аз 3—4-моҳа боло моя мегузаронаяд. Ҳолати Чарогоҳ ва ҷойҳои обнушии чорворо назорат карда, ба об нушидани чорво аз ботлоқу толобҳои ифлос рох намедиханд. Куштан ва истеъмол кардани гушти ҳайвони касал, тарошидани пашми он, ба хоҷагӣ овардан ё аз он берун бурдан, инчунин аз ҳудуди дигар хоҷагихо гузаронидавни гӯсфандони касал манъ аст. Чарогоҳ ва ҷои обнӯшии рамаеро, ки дар он касалӣ мушоҳида шуда буд, иваз мекунанд.