Буддо дар ҳолати нирвана
Муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ё Буддои хобрафта - бозёфти нодир аз ёдгории Аҷинатеппа (дар наздикии ш.Қурғонтеппа, ки вайронаҳои бутхонаи Буддои аст, асрҳои VI — VIII). Муҷассама дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Таърих
вироишИн бозёфти нодир дар соли 1966 утоқи рақами 23 (рақам шартӣ аст) аз ёдгории Аҷинатеппа пайдо шудааст. Дарозии муҷассама 12.92 м. ташкил медиҳад, баландиаш 2.5 м. Бостоншиноси Тоҷикистон Борис Анатолевич Литвинский доир ба таҳқиқи дайри буддоии Аҷинатеппа асарҳо иншо намудааст. Бостоншиносон ва тармимгарон муҷассамаро ба 92 қисм ҷудо карда ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон оварданд. Солиёни зиёд дар анбори ин Пажӯҳишгоҳ нигоҳ дошта мешуд. Соли 2001 ба шарофати 10 солагии истиқлоли Тоҷикистон, муҷассамаро барқарор намуда дар осорхонаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд. Феълан як нусхаи айнани ин муҷассама дар яке осорхонаҳои шаҳри Аичии Ҷопон гузошта шудааст. Нусхаи дигар дар бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба марази тамошо гузошта шудааст. Дайри буддоии Аҷинатеппа ва муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ба феҳристи Ёдгориҳои таъриху фарҳангии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
Нигаред
вироишПайвандҳо
вироишМанобеъ
вироиш- Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон. - Душанбе, 2011