Бунасри Мутриб
Абунаср,(Бунаср), номи пуррааш Абунаср ибни Муҳаммад, машҳур ба Бунасри Мутриб (889, Марв – 961, Бухоро) — мусиқидон, навозанда ва сарояндаи форсу тоҷик (асри 10).
Таърихи таваллуд | 889 |
---|---|
Зодгоҳ | Марв |
Таърихи даргузашт | 961 |
Маҳалли даргузашт | Бухоро |
Пеша(ҳо) | навозанда |
Зиндагинома
вироишАбунаср илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, барои такмили пешаи навозандагӣ ба Бухоро меояд. Дар ин ҷо назди Абулаббоси Бахтиёр асосҳои назариявии мусиқиро меомӯзад. Абунаср дар иҷрои достонҳои қаҳрамонӣ ва ҳамосӣ истеъдоди беназир дошт ва дар ҳунари иҷроӣ мӯътақиди сабки қадимии мардумони эронӣ буд. Дар пайравии «Хусравониёт»-и Борбад силсилаи нави сурудҳои «Роҳи мовароуннаҳрӣ»-ро эҷод кардааст Дар овозхонӣ аз ифодаҳои мураккаби авҷӣ истифода намудааст ва ба-д-ин сабаб ӯро устодаш Абулаббоси Бахтиёр «Бунасри зилхон» ном бурдааст. Мавзӯи таснифоти Абунаср сурудҳои ҷашнӣ ва маросиму оинҳои халқӣ, инчунин тараннуми далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. ӯ оид ба мусиқӣ рисолае низ доштааст, ки ба мо нарасидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Раҷабов А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Д., 2000; ҳамон муалл.,
- Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мксиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008.
Сарчашма
вироиш- Абунаср // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.