Буни Ҳисорак - маҳаллаи аҳолинишин дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар соҳили рости дарёи Душанбе ва андароби дарёи Лучоб. Маҳаллаи Буни Ҳисорак дар байни ду дарё ҷойгир буда, бо номи «Ҷазира» низ маъмул аст. Аҳолияш зиёда аз 1000 нафар, роҳҳо асфалтпӯш. Бо қомат афрохтани як қатор биноҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бунёд гардидани боғи миллии «Боғи Ирам» симои зоҳирии ин маҳалла хеле тағйир ёфт. Маҳаллаи Буни Ҳисорак имрӯзҳо яке аз ҷойҳои тамошобоби Душанбе маҳсуб меёбад. [1]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 186