Буҷулбозӣ — навъе аз бозиҳои миллии қадимии тоҷикӣ, ки дар байни кӯдакону наврасон маъмул мебошад.

Намунаи ороиш:"Буҷули сангин" ("Ашык") дар Қирғизистон
"Буҷули тилогин" ("Кажык") дар Тува, Русия

Қоидаҳои бозӣ вироиш

Буҷулбозӣ хосси писарбачаҳо буда, дар байни бачагони тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон паҳн шудааст ва намудҳои зиёд дорад. Он бо буҷул – қисме аз устухони пойи гӯсфанд ё буз, ки ба рақами ҳашт монанд аст, бозида мешавад. Пас аз ба замин партофта шудани буҷулҳои бозигарон, вобаста ба тарзи истодани онҳо, ки асп, хар, пукка ва чикка меноманд, яке аз бозигарон ҳуқуқи шурӯъ кардани бозиро ба даст меорад ва ба нишон гирифта задани буҷули ҳарифон мекӯшад. Шахси мағлуб ё буҷули худ- ро ба ғолиб медиҳад ва ё ӯро ба пушташ савор карда як масофати кӯтоҳро тай мекунад. Дар бозии гурӯҳӣ гурӯҳи бачаҳо дар рӯйи замин доираи калони қутраш тақрибан 2,5–3 м мекашанд ва дар маркази он бачаҳои бозигар яктоӣ буҷулро қатор мегузоранд. Баъди қуръапартоӣ шахси ғолиб аз масофаи муайяне бо буҷулаш нишон гирифта, мехоҳад бо як зарба буҷулҳои қатористодаро аз дохили доира берун барорад. Агар буҷул аз доира берун набарояд ё бозигар хато кунад, бозигари дигар бозиро идома медиҳад ва ҳамин тавр бо навбат бозигарҳо то аз доира баровардани буҷули охирин бозиро идома медиҳанд. Дар ин бозӣ маҳорати нишонзанини бачагон хеле инкишоф меёбад.

Дигар тарзҳои буҷулбозӣ вироиш

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Ӯзбекистон тарзҳои дигари буҷулбозӣ маъмуланд. Тарзи истодани буҷулҳо ҳамчун персонажҳо ном доранд. Буҷули ҳар бозигаре, ки чикка меистад, онро «дузд» меномиданду «қозӣ» бо амри «подшоҳ» ӯро ҷазое медод. Ҷазо чунин буд, ки «дузд» шахси ғолибро пуштора карда то ба ҷойи муайяншуда бурда мемонд. Бо буҷулҳо дар замонҳои пеш қиморбозӣ ҳам мекардаанд. Ба шаҳодати Садриддин Айнӣ, дар базму идҳои халқӣ, ба мисли Сайри Дарвешобод, дар қатори дигар бозию дилхушиҳо буҷулбозӣ ҳам баргузор мешудааст. Бозиҳои саққобозӣ ва чормағзбозӣ низ ба буҷулбозӣ монанд мебошанд.

Адабиёт вироиш

  • Пещерева Е. М. Игрушки и детские игры у таджиков и узбеков (по материалам 1924–1935). // Сборник музея Антропологии и этнографии. Т. VII. М., 1936;
  • Турсунов Н. Буҷулбозӣ. // Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978.
  • Раҳимов Д. Буҷулбозӣ // Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷ.3, с. 327-328.
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.1, 2015.

Ҳамчунин игаред вироиш

Эзоҳ вироиш