Бҳава
Бҳава (санск. bhava – ҳастӣ, вуҷуд, аз бҳу–ҳастӣ), дар фалсафаи Ҳинди Бостон мақулаи ҳастӣ, ташаккул, ҳолати падидорӣ; аз ин ҷо минбаъд‒«воқеият», «ҳақиқат», «ҳаёт». Дар будоия – кӯшиши ташаккули майли мавҷудият; ҳамчун унсури аз зиндагии оянда маншаъгиранда дар доираи тарҳи «қонуни падидории вобастагии мутақобила» (пратитсамунтада) таъбир мешавад. Баъзе мутафаккирон (масалан, Чандра-кирти) Бҳаваро ҳамчун карма медонистанд, ки ба доираи таваллуду марг (сансара) меорад. Дар чунин фаҳмиш Бҳава мафҳумест, ки раванди зиндагиро мефаҳмонад. Мафҳуми муқобили Бҳава — абҳава (санскр.; (аbhava – нестӣ, ловуҷуд) мебошад, ки дар баъзе системаҳои фалсафӣ маънои «ғоиб», «хало», «маҳв», «инкор», «марг»-ро инкишоф медиҳад. Аксаран абҳава ҳамчун мақулаи манфӣ ва Бҳава ҳамчун мақулаи мусбат муоина мешавад. Мувофиқи ақидаи Кумариле (системаи пурва миманса), Бҳава ҷавҳар (шакти), сифат, феъл ва умумият, аммо абҳава – гузашта, оянда, мутлақ ва ҳамбастагиро дар бар мегирад. Дар системаи фалсафии Канада (вайшешика) низ абҳава ба шаш мудраки мусбати маърифат (ҷавҳар, сифат, феъл, умумият, махсус, мансубият), ки олам аз онҳо таркиб ёфтааст, муқобил гузошта мешавад.
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Чаттерджи С., Датта Д. Древняя индийская философия /Перевод с английского. М., 1954;
- Индийская философия. М., 2009.
Сарчашма
вироиш- Бҳава // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.