Бҳагавадгита
«Бҳагавадгита» (санскр. Bhagavadqita – суруди илоҳӣ, яъне Кришна), достони диниву фалсафии Ҳинди Бостон, қисми машҳуртарини Маҳабҳарата, бобҳои 23–40-уми китоби 6-ум. Нуфузаш дар Ҳинд хеле пойдор боқӣ монда, хонотарин китоби динию ахлоқии мардуми ориёитабори Ҳинд аст. Тибқи бовари Шанкара, касе «Бҳагадгита»-ро донад, бешубҳа, моҳияти упанишадҳоро низ фаҳмидааст. Таърихи офаридани «Бҳагавадгита»-ро нимаи дуввуми ҳазорсолаи 1 то м. медонанд. «Бҳагавадгита» расман ба қатори китобҳои муқаддаси Ведаҳо ва упанишадҳо дохил нест, аз ин рӯ, онро на ҳамчун «шрути», балки «смрити» мешуморанд. Мафҳуми «шрути» танҳо барои ифодаи Ведаҳо ва упанишадҳо истифода мешавад. Мақоми «Бҳагавадгита» ҳамчун қисми писандидаи Маҳабҳарата андешаҳои ведӣ ва упанишадҳоро ифода намуда, хусусияти асари таърихӣ, адабӣ, динӣ ва фалсафиро гирифтааст. Яке аз ҷараёнҳои бонуфузи динии ведоӣ Вигшнуил «Бҳагавадгита»-ро навиштаи муқаддас ва суханони илоҳӣ мешуморад. Мазмуни «Бҳагавадгита»-ро баҳс миёни қаҳрамонони ҳамосӣ Арзуна ва Кришна ташкил медиҳад. Арзуна ҳамчун мурид ва фойтунчии Кришна ва Кришна ҳамчун таҷассуми Офаридгор дар симои инсонӣ омадааст. Дар муқоиса бо упанишадҳо «Бҳагавадгита» бештар масъалаҳои ахлоқиро баррасӣ карда, мавқеи бҳактиро дар роҳи наҷот аз ин олами фонӣ нисбат ба роҳҳои «ҷшана» ва «карма» волотар медонад. Мутобиқи «Бҳагавадгита» ба даст овардани озодии ботинӣ беҳтар аз амал аст, чунки амал ҳамеша бо гуноҳу зӯроварӣ ба анҷом мерасад. Аз ин рӯ, амал бояд бо гӯшанишинӣ ва раддияи амал баробарвазн бошад. Андешаҳои зиёди ба риёзати ҷисму равон бахшида дар «Бҳагавадгита» ба фалсафаи йога тааллуқ доранд. Таъсири «Бҳагавадгита» ба фарҳанги баъдии Ҳинд ва Аврупо хеле назаррас аст. Соли 1785 Чарлз Вилкинсон «Бҳагавадгита»-ро аз санскрит ба англисӣ тарҷума намуда, мардуми Аврупоро бо он ошно кард. Баъди ин «Бҳагавадгита» ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, итолиёӣ ва ғ. тарҷума гардид. «Бҳагавадгита» аз тарафи Ҳёте, Гегел ва дигар нобиғаҳои фарҳанги Аврупо баҳои сазовор гирифтааст. Тарҷумаи «Бҳагавадгита» аз англисӣ ба русӣ (1788) боиси авҷи омӯзиши забони санскрит гардид. Дар асоси тарҷумаҳои гуногун Вилкинс, Томсон, Хилл, Эдҷертон, Дойсен, Гарбе ва дигарон ба «Бҳагадгита» тафсиру шарҳи зиёде навиштаанд. Таъсири «Бҳагадгита» ба фарҳанги Ҳинд ва Аврупо имрӯз низ назаррас аст.
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Индийская философия. М., 2009.
Сарчашма
вироиш- «Бҳагадгита» // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.