Бҳаттанараяна
Бҳаттанараяна — драманависи ҳиндӣ (нимаи аввали садаи VIII). Ба забони санскрит эҷод мекард. Дар Каннуҷ ба дунё омада, баъдан сокини Бангола шуд. Аз се пйесаи эҷодкардааш танҳо якто – «Сарбофӣ» боқӣ мондаст. Ин асар дар асоси китобҳои 2-юм ва 8-уми «Маҳабҳарата» – лаҳзаи разми бузург дар Курукшатра навишта шудааст. Пйесаи Б. баъзе саҳнаҳои ҷолиб дорад, вале аз ҷиҳати композитсия ноқис аст, забон, услуб, тарзи баёнаш мураккаб мебошад. Муҳаққиқон пйесаи мазкурро ибтидои таназзули драманависӣ дар Ҳинди Қадим арзёбӣ кардаанд. Ад.: Keith A. B. The Sanskrit drama in its origin, development, theory and practice. Oxlord, 1954; Серебряков И. Сорок веков индийской литературы. М., 1969.
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- Бҳаттанараяна // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.