Бӯгинакҷорӯб, говҷорӯб, деҳқонҷорӯб (лот. Artemísia ánnua) — гуная аз гиёҳони яксола.
Бӯгинакҷорӯб |
---|
|
|
Artemisia annua L., 1753 |
|
|
Пояи рости сершох (30 — 100 см), барги паршакл, гули майдаи зард, гултӯдаи сабадшакл дорад. Июл — сент. гул карда, авг. — окт. тухм мебандад. Дар Тоҷикистон ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори роҳу наздикии истиқоматгоҳҳо, дашту марғзор мерӯяд. Бо мақсади давоӣ баргҳои навруста (баҳорон) ва баргу поя (тирамоҳ)-и бӯгинакҷорӯбро кор мефармоянд. Растаниро баъди ғундоштан дар ҷои сояи шамолрас хушкондан лозим аст.
Табибони халқӣ сабадаки гули дар асал қиёмшудаи бӯгинакҷорӯбро чун давои рафъи заъфи дил тавсия медиҳанд. Бо шираи баргу пояи наврустаи он амрози пӯст (хоришак, шукуфа)-ро табобат мекунанд. Аз барги хушки бӯгинакҷорӯб барои муолиҷаи шукуфа марҳами 10-фоиза таҳия карда мешавад. Ҷӯшоби баргу пояи он (як чумча алафро дар як истакон об 10 дақиқа меҷӯшонанд, баъд полида пеш аз хӯрок як чумчача менӯшанд) давои хуби иштиҳоовар аст. Муқаррар шудааст, ки шираи бӯгинакҷорӯб инкишофи микробҳои бемории сӯхтагиро бозмедорад, қобилияти сироятангезии онҳоро барҳам медиҳад. Дар амалияи тибби муосир аз бӯгинакҷорӯб барои табобати зиқи нафас доруи «Диметулен» тайёр карда мешавад.
- Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.