Бӯйишгар (силсилафилм)

силсилафилм

«Бӯйишгар» (укр. Нюха́ч) — маҷмӯъаи телевизиюнии корогоҳии укройнӣ, ки тавассути ширкати филмсозии FILM.UA тавлид шудааст. Муаллифи идея, нависандаи муштараки филмнома ва коргардони филм Артём Литвиненко аст. Ин аввалин сериёли укройнӣ дар феҳристи бузургтарини хадамоти ҷории Netflix шуд[2][3].

«Бӯйишгар»
укр. Нюха́ч
«Ҳар ҷинояте бӯйи худро дорад»
Жанр маҷмӯъаи телевизиюнии корогоҳӣ[d]
Мамлакат
Забони асл русӣ
Шумораи фаслҳо 4
Шумораи қисматҳо 32 (феҳристи эпизодҳо[d])
Тавлид
Таҳиякунанда
Коргардон
Филмноманавис
Маконҳо Киив ва Эстония
Студия FILM.UA Group[d] ва Pronto Film[d]
Пахш
Телеканал ICTV[d] ва Channel One Russia[d]
Дар экран аз 11 ноябр 2013
то 19 декабр 2019
Формати видео 16:9
Пайвандҳо
film.ua/en/production/fi…

Нахустнамоиши ин сериёл 11 ноябри соли 2013 дар шабакаи «ICTV» (Укройн) пахш шуд. Намоиши ин сериёл дар Русия 16 декабри соли 2013 дар «Шабакаи як» (Русия) оғоз шуд. Ҳатто пеш аз нахустнамоиш дар телевизиюн, сериёл расман барои фасли дувум тамдид шуд, ки шомили 8 қисмати ҷадид буд[4]. Нахустнамоиши фасли дувум дар «Шабакаи як» 5 октябри соли 2015 пахш шуд. 17 августи соли 2016 наворбардории фасли 8-қисматии севум оғоз шуд[5]. Нахустнамоиши фасли севум дар «Шабакаи як» 2 октябри соли 2017 пахш шуд.

10 октябри соли 2018 филмбардории фасли 8-қисматии чаҳорум расман эълом шуд[6]. Нахустнамоиши фасли чаҳорум дар «Шабакаи як» 16 декабри соли 2019 пахш шуд.

Эҷоди силсилафилм вироиш

  • Ба гуфтаи муаллифон, идеяи ин сериёл мутааллиқ ба Артём Литвиненко аст. Пас аз таъйиди таҳиякунанда Виктор Мирский, филмнома бо ҳамкории Андрей Бабик (пизишк ва муҷрии барномаи «Справжні лікарі» — «Пизишки воқеъӣ») навишта шуд[7]. «Бӯйишгар» нахустин кори Артём Литвиненко ба унвони филмноманавис буд ва ширкати филмсози FILM.UA бидуни муштарӣ кор рӯйи ин тарҳро оғоз кард.
  • Ба гуфтаи Кирилл Кяро, сахттарин кор дар ҳангоми филмбардорӣ кор кардан бо истилоҳоти шимиёӣ, ҳифз кардани ҳолати худ ва лабханд назадан буд[8].
  • Ҳазинаи сохти як қисмат аз фасли аввал 350 000 $ ва қисмати дувум 500 000 $ будааст.
  • Барои филмбардорӣ аз намои шаҳр аз хонаи Бӯйишгар, сафҳанамоише ба андозаи 17×9 м насб шуда буд, ки бо кумаки 6 нурафкан, манзараҳое аз шаҳр — субҳ, рӯз ва шаб, ки қаблан тавассути расссомони ин сериёл кашида шуда буд, намоён мешуд.
  • Филмбардории фасли дувум 111 рӯз ба тӯл анҷомид[9].
  • Филмбардории фасли севум аз 17 августи 2016 то 23 январи 2017 дар Укройн ва Эстония анҷом шуд.
  • Филмбардории фасли чаҳорум дар 2 августи 2019 ба поён расид[10].

Хулосаи достон вироиш

Ин сериёл дар мавриди марде ба номи Бӯйишгар аст, ки дорои ҳисси буёии фақулъода ҳассосе аст, ки ба ӯ иҷоза медиҳад, то бо кашфу ташхиси миқдори каме аз маводи мухталиф, ҷиноётро баррасӣ кунад. Дӯсти даврони кӯдакии ӯ Виктор Лебедев, ки корманди Идораи вежаи таҳқиқот (СБР) аст[11], ағлаб ӯро ба унвони як мутахассис вориди таҳқиқот мекунад. Тавоноии беҳамтои қаҳрамони достон натанҳо барои ӯ як ҳадия аст, балки як нафрин аст, зеро ҳар бор ӯро аз танзими зиндагии шахсии худ бозмедорад.

Бозигарон ва шахсиятҳо вироиш

Бозигарони аслӣ вироиш

Ҳунарпеша Нақш
Кирилл Кяро Бӯйишгар коршиноси озоди Идораи вежаи таҳқиқот (СБР) Бӯйишгар
Иван Оганесян Виктор Алексеевич Лебедев сарҳангёр/сарҳанг, сардори бахши аввали СБР Виктор Алексеевич Лебедев дӯст ва ҳамкори Бӯйишгар
Мария Аниканова Юлия, Юлия, ҳамсари собиқи Бӯйишгар
Нина Гогаева Татяна Александровна Воскресенская НИТ, пизишки гӯшу ҳалқу бинӣ Татяна Александровна Воскресенская
Николай Чиндяйкин Дмитрий Николаевич Бондарев гундсолор, раиси СБР Дмитрий Николаевич Бондарев
Агне Грудите Ирина Нордин коршиноси дараҷаи болои пизишкии қонунии СБР (аз қисмати 9-ум) Ирина Нордин

Бозигарони ҷузъӣ вироиш

Ҳунарпеша Нақш Фаслҳо
Сергей Лесков Алекс (Александр) Алекс (Александр) писари Бӯйишгар ва Юлия 1—2
Алексей Зорин Максим дастёри Виктор дар СБР Максим 1—2
Станислав Москвин Анатолий Борисович Борсюк партобашиноси СБР Анатолий Борисович Борсюк
Тарас Готовцев Николай Иванович судмедэксперт СБР Николай Иванович қисматҳои 1—9
Денис Мартынов Гена (Геннадий) Прокопенко нобиғаи роёнаии СБР Гена (Геннадий) Прокопенко аз қисмати 3-юм
Анастасия Макеева Светлана котибаи Бондарев Светлана 1
Игор Ботвин Игор Игор ҳамсари Воскресенская аз қисмати 5-ум
Александр Зиневич муншии Бондарев муншии Бондарев (фасли 2) 2
Вадим Лялько Тактирандоз (Олег Анатолевич Губарев) Тактирандоз (Олег Анатолевич Губарев) 2
Павел Кузмин корманди бонк корманди бонк 2
Сергей Юшкевич Станислав Геннадевич Кулешов, равонпизишк / Иля Андреевич Саламатин Станислав Геннадевич Кулешов, равонпизишк / Иля Андреевич Саламатин 2
Юозас Будрайтис Генрих Локмус Генрих Локмус 3
Сергей Фролов Олег Петрович Сердюков Олег Петрович Сердюков 3—4
Тамбет Туйск Томас Мартинсон Томас Мартинсон 3—4
Катрин Пярн Вилма Кукк Вилма Кукк 3—4
Маркус Двинянинов Кристиан Маги Кристиан Маги 3—4
Тийт Лиллеорг Йоҳан Юст Йоҳан Юст 3

Садогузорӣ вироиш

Ҳунарпеша Нақш
Анатолий Пашнин вакили Мустафо вакили Мустафо (нақши Валерий Неведров)
Дмитрий Гаврилов матни пуштисаҳнаиро мехонад матни пуштисаҳнаиро мехонад (фаслҳои 3-4)

Фаслҳо вироиш

Фасл Қисматҳо Давраи пахш
1 1—8 (8 қисмат) 11—14 ноябри 2013
2 9—16 (8 қисмат) 5—8 октябри 2015
3 17—24 (8 қисмат) 2—5 октябри 2017
4 25—32 (8 қисмат) 16—19 декабри 2019

Ҳошияи савтӣ вироиш

  • Brainstorm — Years and Seconds
  • Дмитрий Бортнянский — Консерти № 2 ре-мажор[12]
  • Георг Фридрих Гендел — «Прибуття цариці Савської» аз ораторияи «Соломон»
  • Лев Колодуб — «Український діксіленд» дар иҷрои брасс-квинтет «Мажор» таҳти роҳбарии Виктор Слупский
  • Onuka — Time
  • Wacky Room — Take Me
  • TEEEL — Wait Is Over
  • Дмитрий Снежко — Heart Mate

Гуфторгардонии тоҷикӣ вироиш

Силсилафилми «Бӯйишгар» дар соли 2023 тавассути ТВ Синамо бо муҳарририю коргардонии Ҳилол Умедпур, тарҷумаи Мушарраф Хоҷаев ва танзими Зуҳрои Муҳаммадӣ гуфторгардонӣ шудааст[13].

Садогузорон вироиш

Ҳунарпеша Нақш
Хуршед Мустафоев Бӯйишгар Бӯйишгар
Шуҷоат Асадуллозода Виктор Алексеевич Лебедев Виктор Алексеевич Лебедев
Мавлона Наҷмиддинова Юлия Юлия
Моҳпайкар Ёрова Татяна Александровна Воскресенская Татяна Александровна Воскресенская
Муҳаммадҷони Шодӣ Дмитрий Николаевич Бондарев Дмитрий Николаевич Бондарев
Савлатмоҳ Ақназарова Ирина Нордин Ирина Нордин

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 http://film.ua/ru/production/filmsandseries/projects/219
  2. Первым украинским сериалом в Netflix стал детектив «Нюхач» Артёма Литвиненко, снятый FILM.UA(пайванди дастнорас — таърих). itc.ua. 19 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 августи 2017.
  3. The Sniffer. Netflix.(пайванди дастнорас)
  4. Film.ua знімає другий сезон серіалу «Нюхач» Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2014  сол. // «Телекритика», 7 ноября 2013 года
  5. Нюхач-3. Начало Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2020  сол. // 18 августа 2016
  6. Виктор Мирский: «Мы не святые, просто наши интересы совпадают с интересами индустрии» // Film.UA, 10 октября 2018
  7. Видеоинтервью Артёма Литвиненко Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2014  сол. // «Телекритика», 13 мая 2013 года
  8. Интервью Кирилла Кяро для телеканала ICTV(пайванди дастнорас — таърих).
  9. «Нюхач-2» в цифрах Бойгонӣ шудааст 6 октябри 2015  сол. // Кино-театр.ru, 5 октября 2015 года
  10. Завершение съёмок 4 сезона // 2 августа 2019 года
  11. Watch The Sniffer | Prime Video. www.amazon.com. 19 марти 2023 санҷида шуд.
  12. Титры серии 4
  13. By Hilol Umedpour. Силсилафилми "Бӯйишгар" бо забони тоҷикӣ(тоҷ.). www.facebook.com. Facebook (26 феврали 2023). 19 марти 2023 санҷида шуд.