Бӯрикалла — харбузаи пешпазаки маҳаллӣ.

Давраи нашваш (аз неш зада баромадани тухмӣ то пухтан) 95 — 99 рӯз (бештар 75-80 рӯз). Палакаш калон, сершоху барг ва дароз, баргаш ба дарун хамида, ҳосилаш гирда, қутраш 18-25 см, вазнаш 2,5-5 кг, пӯсташ зарди сабзтоб, ғафси суфта, камтӯр, мағзаш сабзча, ғафс (5,0-5,5 см), нарму ширин, 9-10,6 % моддаҳои хушк, то 11 % қанд, аз ҷумла, 4,8-6,2 % сахароза дорад. Тухмаш калони дарозрӯя. Мувофиқи аломатҳои морфологӣ ба навъи гургаки хуҷандӣ хеле монанд аст. Мағзаш таъми нок дорад. Аз ҳар га-и полизаш 230—360 сентнер ҳосил меғундоранд. Барои хушкондан ва ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест. Бештар дар вилояти Суғд, водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, инчунин вилояти Қашқадарёи Узбекистон кишт мекунанд.

Адабиёт

вироиш