Водии Вахш - водиест, ки дар вилояти Хатлон, қисмати ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст.

Макони кишоварзӣ

вироиш

Водии Вахш баъд аз сохтмони Канали магистралии Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи ташналаб дар солҳои 30-уми садаи XX ба минтақаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфтааст. Дар водии Вахш ҳамаи намудҳои кишти зироатҳои гандумӣ, полезӣ, техникӣ (пахта) ва боғу токпарварӣ рушд ёфтааст.

Мавзеъҳои сайёҳӣ

вироиш

Водии Вахш дорои чунин маскану мамнӯъгоҳҳои тарихиву табиӣ мисли – шаҳри Қӯрғонтеппа, Мамнӯъгоҳи табиии Бешаи палангон, Шаҳркадаи Тахти сангин, Аҷинатеппа, Чилдухтарон (кӯҳ), Мадрасаи Хоҷа Машҳад ноҳияи Шаҳритус, Мавзеи Чилучорчашма, Қалъаи Бешкент, Оромгоҳи Имом Зайналобиддин, Шаҳраки Теппаи Шоҳ, ки ба феҳристи Мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дохил мешаванд. Вахш инчунин, дорои мавзеъҳои табии хушманзара мебошад.[1]

Нигаред

вироиш

Канали магистралии Вахш

  1. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табиӣ. - Душанбе, 2012, с. 32.