Бӯсалик 1) мақоми сеюм дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 12–17 – ибтидои садаи XVIII). Таркиби овозиаш аз 4 бонг (октаваи комил) иборат аст. Аз нағма (парда)-и 5-ум оғоз меёбад. Таркиби пардавиаш аз нағмаи аввали «Наврӯзи Асл» оғоз ёфта, дар «Гавашт»-у «Дугоҳ» сайр мекунад ва дар «Мағлуб» сокит мешавад. Таркиби қаторовозҳои Бӯсаликро дар пардаҳои сози уд мусиқидонони тоҷику форс ба тариқи зайл истихроҷ намудаанд:

А + Б + Ҳ + Ҳ + йб + йҳ + Йҳ = Б– Т – Т – Б –Т – ТТ

0 + 90 + 294 + 498+ 588 + 792 + 996 + 1200

^ ^ ^ ^ ^ ^ ^ 201 90 201 201 90 201 201

Гӯё Бӯсаликро аз садои шер бардошта, бо бурҷи Саратон мувофиқ сохтаанд. Бинобар тавсифи манобеи мусиқӣ Бӯсалик аз ҷиҳати хусусияти оҳангӣ муассир ва таскинбахш будааст. Онро инчунин барои оромӣ бахшидани бемориҳои рӯҳӣ ва ром кардани ҳайвоноти ваҳшию парандагон истифода мебурдаанд. Дар «Дувоздаҳмақом» Бӯслик ба овозаи «Наврӯз» мансуб буда, шуъбаҳои «Наврӯзи Сабо», «Аширон» ва гӯшаҳои «Дугоҳи Аҷам», «Муҳсинӣ», «Ҳиҷози Бузург» ва «Рубоби Панҷгоҳ»-ро дар бар мегирад. Зарбҳо (усулҳо)-и «Рамали Тавил» ва «Чанбар» хосси Бӯсаликанд; 2) бо номи Бӯсалик ҳоло оҳанге вуҷуд дорад, ки онро рубобии моҳир Ё. Бободӯстов ба қартаи граммофон ва навори магнитофон сабт кардааст. Дар силсилаи «Шашмақом» амал надорад ва шояд тағйири ном карда бошад.

Адабиёт

вироиш
  • Маҳмуди Ҳусайнӣ. Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ /Таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов. Д., 1987;
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. Тошкент, 1963.
  • عبدالقادر مراغۀ. مقاصد الالحان. تهران، ۱۳۵۶ هـ. ش.؛ واژه نامۀ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش.؛ فرهنگنامۀ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش

Сарчашма

вироиш