Бӯстонафрӯз
Бӯстонафрӯз, бӯстонфурӯз, чаманафрӯз, чаманфурӯз (лот. Celosia argentea) — гунаи гиёҳи алафии яксола аз ыинси ҷинси Celosia ва хонаводаи Amaranthaceae.
Бӯстонафрӯз | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Celosia.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Celosia argentea L., Sp. pl. 1: 205 (1753) | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишПояаш рост (50-125 см қад мекашад), сершохча. Баргаш байзашакл, арғувонӣ ё сабзтоб. Тухмаш майда (вазни 1200—1300 донааш 1 г). Дар Тоҷикистон бӯстонафрӯз аз соли 1941 парвариш карда мешавад. Барои ороиши кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо мувофиқ аст. Дар шароити иқлими ҷумҳурӣ тухмашро охири март дар хоки ҳосилхез мекоранд. Бо мақсади зудтар гул кардан, тухми онро охири феврал дар гулхонаҳо низ коштан мумкин. Тухмӣ баъди 8-10 рӯз неш мезанад. Фосилаи байни ниҳолҳои Б. 15-20 см аст. Бӯстонафрӯз аз аввали тобистон то охири тирамоҳ мешукуфад. Бӯстонафрӯз навъҳои зиёд дорад, масалан, «Century» (баландиаш то 60 см), «Flamingo Feather» (баландиаш то 100 см), «Apricot Brandy» (баландиаш то 50 см), «Fairy Fountains» (баландиаш то 50 см), «Liliput», «Rondo», «Kimono» (баландиашон то 30 см) ва ғ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бӯстонафрӯз // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.