Бӯстон Сулаймонова (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Бӯстон Сулаймоновадеҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Бӯстон Сулаймонова то маркази ҷамоат ва ноҳия 1 км. Аҳолиаш 2335 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Бӯстон Сулаймонова
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҷамоат Деҳоти Иттифоқ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2335 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Таърих

Мувофиқи иттилои сокини деҳа Ҳомид Амиров аҳолии деҳа солҳои 1948 аз водии Рашт, Ромит ва Бадахшон муҳоҷир шуда, дар ҳайати колхози Миронович кор кардаанд. Бураков Кишвар ва Неъмонов Амир яке аз аввалин сарварони бригадаи колхози мазкур будаанд. Деҳа ба ифтихори аввалин бригадирзан ва мудири боғча – Бӯстон Сулаймонова, ки то солҳои 1960 дар колхози Озарбойҷони ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдурраҳмони Ҷомӣ) фаъолият кардааст (аз соли 1970), номгузорӣ шудааст. Дар деҳаи мазкур нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, 5 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, пахтакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Аскари Шоҳ обёрӣ мешаванд.

Сарчашма

вироиш