Бӯстон (деҳа, н. Балхӣ)
Бӯстон — деҳа тобеъи шаҳраки Орзуи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз Бӯстон то маркази шаҳрак 4 км, то маркази ноҳия 25 км; роҳ асфалтпӯш.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҷалолиддин Балхӣ |
Ҷамоат | Шаҳраки Орзу |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 4338 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3247 |
Нишонаи почта | 735200 |
Мардум
вироишАҳолиаш 4338 нафар (2017), тоҷикон. Бӯстон солҳои 1964—1965 таъсис ёфта, мардумаш аз Бадахшон ва минтақаи Хатлон кӯчида, деҳаро обод кардаанд.
Иқтисод
вироишМактабҳоии таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 нуқтаи савдои хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд. Ҳоло дар ҳудуди Бӯстон 45 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бӯстон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2