Бӯстон (деҳа, н. Дӯстӣ)

Бӯстон (деҳа, н. Дӯстӣ) (собиқ Донашикан) — деҳа дар деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ. Аз Бӯстон то маркази ноҳия 25 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2956 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш ба воситаи насосҳои обкаш обёрӣ мешаванд. Аҳолиаш солҳои 1963–65 аз ноҳияи Сарбанд (собиқ Калининобод) муҳоҷир шудаанд.

Деҳа
Бӯстон (собиқ Донашикан)
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Дӯстӣ
Ҷамоат Деҳоти Нури Вахш
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2956 нафар тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3248
Нишонаи почта 735140

Сарчашма

вироиш