Бӯстон (деҳа, н. Кӯшониён)
Бӯстон — деҳа (то соли 2013 Коммунизм), деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён. Аз Бӯстон то маркази ноҳия 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1042 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, 2 масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, пилапарварӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Мардуми Бӯстон солҳои 20 аз Балҷувон, Сари Хосор, Кангурт ва Рашт кӯчида омадаанд. Ҳоло дар ҳудуди Бӯстон 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии ба номи Ятим Барот мавҷуд аст.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Навбаҳор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1061 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Бӯстон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.