Бӯяки нор
Бӯяки нор — як навъ ангури маҳаллӣ, ки селексияи халқист. Токаш зудсабз, навдаҳояш дароз, навдаҳои яксолааш бӯри сурхтоб. Баргаш калони гирда (дарозиаш 19 см, бараш 18,5 см), 3–5-парраи қифмонанд, рангаш сабзи тира, бепашмак, думчааш кӯтоҳи бунафш. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калони махрутшакл (дарозиаш – 25 см, бараш – 9–12 см, вазнаш – 300 г). Ғужбаш миёна (16–17 мм), гирда, сабзи сафедтоб (2 тухм дорад). Ғужмаш чандир, мумпардаи маҳин дорад. Гӯшташ хамираки сероб. Вазни 100 дона ғужбаш 162–241 г. Охири август ‒ аввали сентябр мепазад. Дар таркиби он 25–26% қанд, 4,5–5 г/л туршӣ мавҷуд аст. Давраи нашваш 148–160 рӯз. Меваашро тар мехӯранд, дар истеҳсоли шароб истифода мебаранд. Ба сармо, хушкӣ ва шӯрии замин чандон тобовар нест. Дар заминҳои куҳнашудгор ва лалмӣ ҳосили баланд медиҳад. Аз касалии гарда ва кирми баргпечаки хӯшаи ток зарар мебинад.
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- Бӯяки нор / Ҳ. Маҳмадқулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.