Бӯяки холдор
Бӯяки холдор — як навъ ангури маҳаллӣ; селексияи халқист. Токаш зудсабз, ҳангоми 8–12 буғум монда буридани навдаҳо ҳосилаш зиёд мешавад. Баргаш калони гирда (дарозиаш 22 см, бараш 20 см), 3–5-парраи камчок, рӯйи баргаш суфтаи ҷилодор, рангаш сабзи баланд, чинҳои калон дорад (бо ин аломат аз бӯяки нор фарқ мекунад). Гулаш дуҷинса. Хӯшааш махрутшакл (дарозиаш 16–26 см, бараш 14–16 см), шингилҳои болоиаш калон; вазни хӯшааш 200–280 г. Ғужбаш миёнаҳаҷми лунда (дарозиаш 16 мм, бараш 15 мм), сафеди хиратоб, холҳои қаҳваранг дорад. Ғужмаш тунуки чандир, гӯшташ хамираки сероб. Ҳангоми пухтан 24–26% қанд ва 4–6 г/л туршӣ дорад. Давраи нашваш 189–165 рӯз; миёнаҳои май гул карда, охири август мепазад. Асосан дар токзори куҳнабунёд якҷо бо навъи бӯяки нор мерӯяд. Аз ҳар га 65–80 сентнер ҳосил мерӯёнанд. Ҳосилашро тар мехӯранд, барои истеҳсоли афшура ва шароб истифода мебаранд. Аз сармо ва касалии гарда зарар мебинад.
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- Бӯяки нор / Ҳ. Маҳмадқулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.