Википедиа:Такзибномаи ҳуқуқӣ

(Тағйири масир аз ВП:ҲУҚУҚШИНОСНЕ)
↱ ВП:ТАКЗҲУҚ
ВП:ТҲ


Википедиа маслиҳати ҳуқуқиро намедиҳад

Википедия мақолоте дар бисёре аз ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дорад. Бо ин ҳол ҳеҷ кафолате дар ҳар ҳолате барои саҳеҳ будани матолиб намедиҳад. Мутлақо ҳеҷ итминоне дар асоси ин ки матолиби баёншуда ва ёдшуда дар мақолоти марбут ба масоили ҳуқуқӣ саҳеҳ аст, воқеият дорад, дақиқ аст ё ба рӯз аст, вуҷуд надорад. Бахшҳое ё кулли аксарияти қобили таваҷҷуҳи ин мақолот тавассути афроди ғайримутахассис нигошта шудаанд. Ҳатто агар матлаби дар соҳаи ҳуқуқ саҳеҳ бошад мумкин аст дар мавриди шумо ва шароити кории шумо дуруст наояд.

Иттилооти ҳуқуқии ироашуда дар Википедия дар беҳтарин ҳолат моҳияти умумӣ доранд ва наметавонанд ҷойгузини тавсияҳои мутахассисони ҳуқуқӣ шаванд. Википедия ҳуқуқдон нест.

Ҳеҷ як аз мушорикаткунандагон, операторҳои система, тавсеадиҳандагон, ҳимояткунандагони Википедия ё ҳар кас дигаре, ки бо Википедия иртибот дорад масъулият оқибатҳо ё натиҷаҳои ҳар навъи иқдом барои истифода ё бардошт аз матолиб Википедияро ба ӯҳда намегиранд.

Ҳеҷ чизи рӯи wikipedia.org ё ҷузъе аз ҳар як аз проектҳои Бунёди Викимедиа набояд ба унвони талоше барои ироа ё баён кардани як идеяи ҳуқуқӣ хулоса шавад ва ё дар касби ҳуқуқ ба кор равад.