«ВТ-Силк» — корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам, собиқ фабрикаи пилакашии шаҳри Хуҷанд.

ВТ-Силк
Навъ созмон ва ширкати тиҷорӣ
Таъсисёбӣ 1999
Макон
Бахш sericulture[d]
Шумораи кормандон

Дар асоси қарори маҷлиси муассисони корхонаи «Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд ва ширкати вйетнамии «Азия Силк» дар соли 1999 ташкил ёфтааст. Корхона ба ҷамъоварӣ ва коркарди саноатии пила машғул мебошад. Сармояи ойинномавии ширкат маблағи 2948,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2013 дар корхона 380 нафар коргарону хидматчиён кор мекарданд. Корхона 55,8 т пилаи хушк ҷамъоварӣ ва коркард намуда, арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда маблағи 3739,5 ҳазор сомониро ташкил дод. Корхона маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба маблағи 381,5 ҳазор доллари ИМА ба Ҷумҳурии Ветнам содир намуд.

Эзоҳ вироиш

  1. таджикская Википедия — 2004.

Сарчашма вироиш