Вавилон-Мобайл (Babilon-Mobile) — ҷамъияти саҳомии пӯшида, бузургтарин оператори алоқаи мобилии ҷумҳурӣ.

Вавилон-Мобайл

Таърих

вироиш

Дар Тоҷикистон аз январи 2003 фаъолият дорад. Барои таъмини алоқаи босифати мобилӣ аз рӯйи стандартҳои GSM 900/1800, 3G-UMTS/3 ва 5G-HSDPA/ 4G-LTE кор мебарад. Ширкати Вавилон-Мобайл яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон пойгоҳи муштариёни ширкат зиёда аз 3 000 000-ро ташкил медихад[1] Дар ҳудуди ИДМ бори аввал стандарти нави тиҷоратии 3G-UMTS-ро истифода кард.

Анвои хадамоти Вавилон-Мобайл: зангҳои видеоӣ, Интернет, SMS, MMS, Voice-mail, Call register, WAP, GPRS, Prepaid card, Call Center, SMS — Деньги, ICO-SMS, Роуминг, контент-хидматрасонӣ, бозӣ ва ғ. «В.-М.» феълан бахши радиоии шабакаи G-SMS/UMTS/HSPA-ро дар пойгоҳи ширкати Huawei Technologies муҷаҳҳаз мегардонад. Қарордоди Huawei EnerG GSM ба Вавилон-Мобайл имкон дод, ки самараи шабакаи радиоиро афзуда, имкониятҳои хидматрасонии шабакаҳои GSM/GPRS, UMTS/HSDPA ва муқаррариро зиёдтар намояд. Дар робита ба ин муштариёни Вавилон-Мобайл аз хадамоти GSM, CRBT, ирсоли маълумоти GPRS/HSDPA, SMS/MMS, видеотелефон ва ғ. бархурдор гаштанд. Бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардондани Вавилон-Мобайл (хосса технологияи ҷадиди HSDPA) барои истифодаи Интернети баландсуръат (то 7,2 Мб/с) мусоидат кард. Ширкат дар Тоҷикистон аввалин бор шабакаи мобилии стандарти LTE-ро ба истифода дод (суръаташ то 40 Мб/с). Шабакаи Вавилон-Мобайл бештар аз 300 маҳалли аҳолинишини Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Донистаниҳои ҷолиб

вироиш

Соли 2014 ширкати мобилии Вавилон-Мобайл дастрасии ройгон ба ҳамаи бахшҳои Википедиаро барои мизоҷонаш эълон кард[2].

Сарчашма

вироиш


  1. «Вавилон-Мобайл» — Оиди ширкат http://www.babilon-m.tj/taj/about/ Бойгонӣ шудааст 18 марти 2016  сол.
  2. Babilon-Mobile announces Free Zero Wikipedia Access http://www.babilon-m.com/eng/services/wikipedia/ Бойгонӣ шудааст 11 марти 2016  сол.