Вагинози бактериявӣ — бемории аъзои таносули занҳо. Сабаби Вагинози бактериявӣ халал ёфтани микрофлораи муфиди маҳбил аст. Микрофлораи маҳбил қобилияти ба вуҷуд овардани бактерияҳои анаэробӣ ва оксигенро дорад. Онҳо дар ҳамбастагӣ бактерияҳои беморизоро маҳв менамоянд. Нишонаи асосии Вагинози бактериявӣ тарашшуҳи бадбӯй аз маҳбил аст. Вагинози бактериявӣ асосан дар занҳои беҷогард падид меояд. Ба ақидаи баъзе олимон, ангезандаи Вагинози бактериявӣ бо роҳи мубошарат интиқол намеёбад. Ҳангоми ташхис бештар ба аломатҳои хосси Вагинози бактериявӣ, мас., тарашшуҳи девораи маҳбил, дар зери микроскоп ба назар расидани ҳуҷайраҳо, афзудани рН-и тарашшуҳи маҳбил (зиёда аз 4,5) эътибор дода мешавад. Вагинози бактериявӣ мумкин аст такрор ёбад. Дар сурати дубора бемор шудан муолиҷаро ҳатман такрор кардан лозим аст. Дар чунин мавридҳо, одатан, доруҳоро иваз мекунанд. Занҳои ҳомила баъди як даври табобат бояд такроран аз назари духтур гузаранд.