Вадуд
Вадуд, ал-Вадуд (ар. الوَدُودُ — меҳрубон) — яке аз номҳои Худованд, ба маънои дӯстдори аҳли тоат ва мустаҳиққи ҳамду муҳаббати онҳо.
Вадуд ё сиғаи муболиға аз исми фоил аст ва ё аз исми мафъул гирифта шудааст. Вадуд ба маънои бисёр бомуҳаббату пурнавозиш — маҳбуб, дӯстдошта ва мустаҳиққи ҳамду ситоиш аз сӯйи бандагони муъмини Худо аст. Исми Вадуд барои Худованд бо Қуръон (11:90, 85:14) ва дар ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» дар радифи 48 собит шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вадуд / А. Боқизода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.