Вазир (аз авестоии вайчира – фатводиҳанда, паҳлавии вайчирон – дастур ва тасмимгиранда ва форсии гизир – мӯйсафеди пандгузори деҳ; он ки дар бардоштани бори касе шарик бошад) — муҳимтарин мансаби ҳукуматӣ, ки барои иҷрои қонунҳо ва муқаррароти давлатӣ вазифадору мукаллаф аст.

Таърих

вироиш

Чун вазир дар бардоштани бори салтанату раёсат бо подшоҳ, султон, малик, амир ва амсоли инҳо муттафиқ мебошад, бинобар ин чунин унвон ба худ гирифтааст. Ин мансаб дар сохтори давлатдориҳо қадимӣ буда, дар давраҳои мухталифи таърихӣ ҷойгоҳе фарқкунанда доштааст. Дар аҳди Ҳахоманишиён Вазири бузургро ҳазорпат мегуфтанд, ки ин ном дар замони салтанати Ашкониён боқӣ мондааст. Дар замони Сосониён сарвари идораи дарбор Вазири бузург буд, ки дар ибтидо Ҳазорбаз унвон дошта, ӯро инчунин Бузург фрамадор мегуфтанд. Бузург фрамадор дар дарбори Сосониён баъди Мубади мубадон дар ҷойи дувум қарор дошт.

Истилоҳи вазир инчунин дар байни қабилаҳои араб маъмул буд, аммо ба маънии аслии худ истифода намешуд. Мақсад аз он ёр ва ёвар буд, чунон ки дар Қуръон зикр шудааст:«Ва аз касони ман бароям вазире муқаррар кун, Ҳорун бародари маро» (20: 29–30). Дар замони хилофати Аббосиён унвони Вазири аъзам бо тақлид аз мансаби Бузург фрамадори аҳди Сосониён падид омад, ки ба ин мартаба аксаран хонадонҳои форстабор таъйин мешуданд. Абусалама Ҳафс ибни Сулаймони Ҳамадонӣ нахустин нафаре буд, ки дар хилофати Аббосиён ба ӯ лақаби вазирӣ дода шуд. Мартабаи Вазири аъзам аз ҳайси қудрат бо халифа баробар буда, салоҳиятҳои ӯ аз се ҷиҳат дар аҳди хилофат маҳдуд буданд:

  1. Вазири аъзам ҳаққи таъйини ҷонишини худро надошт;
  2. Таъйин ва сабукдӯш кардани ӯ ба халифа вобаста буд;
  3. Вазири аъзам бе иҷозати махсус наметавонист касеро, ки халифа ба вазифа гумоштааст, сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ каси дигарро таъйин кунад.

Дар замони давлатдории Сомониён дар раъси ҳамаи девонҳо ва аҳли қалам Вазир ё Хоҷаи бузург қарор дошт. Вай дар девони худ нозири кулли корҳои девондорӣ буд. Дар замони Оли Буя (Бувайҳиён) мақоми Вазир пас аз фармонраво (яъне: шахси аввал) болотарин мақом буд.

Дар аҳди Ғазнавиён вазир баъд аз султон дар раъси низоми ҳукуматӣ қарор дошт ва қудрату мартабааш аз дигар мансабдорон болотар буд. Дар даврони салтанати Салҷуқиён низ Вазир аз эътибори хос бархурдор буд ва аксар бидуни машварат ва иҷозати султон кори идораи мулкро анҷом медод. Тамоми ашхосеро, ки ба дарбори султон барои додхоҳӣ, талаби шуғл ва ё мусоидатҳои дигар меомаданд, Вазир қабул мекард ва ба арзу доди онҳо мерасид. Баъзе вузаро сипоҳи махсус ҳам доштанд. Аломати Вазир қаламдони заррин, тоҷ ё кулоҳ буд ва ба ӯ хилъат низ мепӯшониданд. Дар ҳукуматдории Хоразмшоҳиён низ Вазир ё Хоҷаи ҷаҳон шахси дуввум буд.

Дар замони Темуриён вазирон зери назорати девонбегӣ қарор доштанд: Ҳафт нафар вазир, аз ҷумла вазири мамлакат ва раият, вазири сипоҳ, вазири абноу-с-сабил ва дигарон бо масъулиятҳои мушаххас адои вазифа мекарданд. Дар давраи Сафавиён Шоҳ Исмоили I Сафавӣ мансаби наверо бо номи Вакили нафси нафиси ҳумоюн таъсис дод, ки чун ноиби шоҳ амал мекард. Баъдан дар замони ҳукмронии шоҳ Аббоси I мансаби вазир ба дараҷаи аввал боло рафта, маъмури асосии ҳукумати марказӣ вазири аъзам (Эътимодуддавла) номида шуд. Дар давраи салтанати Қоҷория вазири аъзам садрулаъзам унвон гирифт ва таъйин намудану аз вазифа сабукдӯш кардани ӯ ба шоҳ вобаста буд. Ӯ ҳақ дошт масъалаҳои давлатиро бо шоҳ ҳал кунад ва ё мустақилона пайгирӣ намояд. Ҳамчунин садрулаъзам метавонист вазирҳои дигарро низ таъйин намояд. Дар сохтори давлатдории сулолаи Манғитиён бошад дуюм баъди амир буд, ки ҳамоно вазифаи сарвазирро иҷро мекард.

Аз давраи Инқилоби Октябри соли 1917 то соли 1946 вазир комиссар ва нозир номида мешуд. Баъди бо укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1946) ба Вазоратҳои Тоҷикистон табдил дода шудани Комиссариатҳои халқии Тоҷикистон вазир чун вазифаи махсуси мушаххас дар низоми давлатдорӣ роиҷ гашт. Ҳоло вазир ходими касбии дастгоҳи давлатӣ, узви ҳукумат мебошад, ки ҳукумат масъулияти якчанд соҳаи фаъолияти идоракунии ҳукуматро бар дӯш дорад: вазири адлия, вазири фарҳанг, вазири молия ва ғайра вазир дар доираи ҳуқуқу ваколатҳояш тибқи қонун қарор ва амрҳо, фармону дастур дода, иҷрои онҳоро тафтиш ва назорат мекунад. Вазир ба вазифа аз тарафи Раиси Ҳукумат бо фармони махсус таъйин ва аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Фармони Раиси Ҳукумат барои тасдиқ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Мутобиқи моддаи 73-и боби панҷуми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ҳукумат роҳбарии босамари соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Тибқи моддаи 69, банди 4 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент «Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъйин ва озод мекунад: фармон дар бораи таъйин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд». Ҳар вазир вобаста ба мавҷудияту аҳаммияти соҳааш муовинҳои худро дорад, ки онҳо якҷо барои пешрафту тараққиёти мамлакат ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардум дар доираи ҳуқуқу ваколатҳояшон заҳмат мекашанд. Нигар низ Вазорат, Девон, Сарвазир.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёсу-л-луғот. Ҷ. 2. Д., 1988;
  • Тафсири илмию оммавии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012.
  • علاءالدین آذری. پژوهشی در باره وزرا ی دوره ساسانی//بر,سیهای تاریخی. شماره ۵۰، تهران، ۱۳۵۳؛
  • حامد منتظری مقدم. وزارت در تاریخ ایران//کیهان اندیشه. شماره ۸۴، تهران، ۱۳۵۳؛
  • محمد معین. فرهنگ فارسی. تهران، ۱۳۸۴؛

Сарчашма

вироиш